Эътирози 38 барандаи ҷоизаи Нобел ба Эрдуғон дар бораи авзои Туркия
(last modified Thu, 01 Mar 2018 12:54:24 GMT )
Март 01, 2018 17:54 Asia/Dushanbe
  • Эътирози 38 барандаи ҷоизаи Нобел ба Эрдуғон дар бораи авзои Туркия

38 барандаи ҷоизаи Нобел дар номае аз Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия хостанд, зимни риояти озодии баён, нависандагони боздошт шударо озод кунад.

Ба гузориши пойгоҳи интернетии “Гордиан”, нависандагони ин нома навиштанд, тасмими додгоҳ дар маҳкум кардани рӯзноманигорон ба ҳабси абад, бидуни баргузории додгоҳи одилона ва ироаи санад, мудохилаи онҳо дар кудато, ҳирфаи рӯзноманигорӣ ва бақоёи озодии баён ва матбуотро дар Туркия ба шиддат таҳдид мекунад.

Нил Муйжниекс, комиссари собиқи Шӯрои ҳуқуқи башари Аврупо гуфт, боздошт ва маҳкумияти бародарони Алтан, бахше аз иқдоми густурда дар саркӯби мухолифон ва мунтақидони давлати дар Туркия ва нақзи ошкори ҳуқуқи башар аст.

Аҳмед Алтан, нависанда ва рӯзноманигор, бародараш Маҳмет Алтан, устоди иқтисод ва нависанда ва Nazlı Ilıcak, рӯзноманигор,  16-уми феврали  2018 ба ҳабси абад бидуни имкони афв дар оянда, маҳкум шуданд.