Таъкиди Путин бар муқобила бо ҳамлаи эҳтимолии атомӣ ба Русия ва муттаҳидонаш
(last modified Thu, 01 Mar 2018 17:07:18 GMT )
Март 01, 2018 22:07 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Путин бар муқобила бо ҳамлаи эҳтимолии атомӣ ба Русия ва муттаҳидонаш

Раисиҷумҳури Русия таъкид кард, ҳар гуна ҳамлаи эҳтимолии атомӣ ба ин кишвар ва муттаҳидонашро бо ҳамлаи атомии мутақобили фаврӣ ва бидуни таваҷҷуҳ ба авоқиби он, посух хоҳад дод.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Владимир Путин рӯзи панҷшанбе дар ҷамъи мақомҳои иҷроӣ - парлумонии қазоӣ- низомӣ ва мазҳабии Русия, амалкарди як солаи Русияро дар арсаи байналмилал, зарби шасти низомӣ ба Амрико ба унвони қавитарин артиши ҷаҳон хонд.

Путин бо баёни ин, ки Русия таслиҳоти роҳбурдии беназире дар ҷаҳон дорад, гуфт, ба Амрико борҳо эълом шуд, ки сомонаи падофанди мушакии ин кишвар, амнияти Русияро таҳдид мекунад; Аммо Вашингтон ба иқдомоти як ҷониба рӯй овард.

Путин таъкид кард, ҳеҷ кас набояд таҳдидоти ҳастаиро барои ҷаҳон камаҳамият ҷилва диҳад; Балки бояд пойи мизи музокира нишаст, то бо ҳамфикрии якдигар ба амнияти байналмилалӣ андешид.

Раисиҷумҳури Русия бо ишора ба ҳамкории наздик ин кишвар бо бисёре аз созмонҳои байналмилалӣ ибрози умедворӣ кард, Ғарб бавижа Амрико оқилона рафтор кунанд ва ба фикри равобити мубтанӣ бар ҳамкории мунсифона бошанд.

Путин ҳамчунин аз чанд сомонаи низомии ҷадид ва фавқи пешрафта, рӯнамоӣ кард.