Март 18, 2018 20:39 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли дахолати Британия дар масмумияти афсари собиқи иттилоотии рус

Намояндаи Русия дар Созмони милал, аз эҳтимоли дахолати Британия дар масмумияти афсари собиқи иттилоотии рус хабар дод.

Владимир Чижов, намояндаи Русия дар Созмони милал гуфт, модаи химиявӣ, ки барои масмум кардани Сергей Скрилл, афсари собиқи иттилоотии рус истифода шуда, дар озмоишгоҳе дар Британия тавлид шудааст.

Вай афзуд, Русия нақше дар масмум кардани Сергей Скрилл ва духтараш надоштааст.

Масмум шудани Сергей Скрилл, афсари собиқи иттилоотии рус дар шаҳри Салисберии Лондон, муҷиби таниш дар равобити Британия ва Русия шудааст.

 

Барчасп