"Форбс": Артиши Амрико тавони кофӣ барои рӯёрӯӣ бо Эрон, Русия ва Кореяи Шимолиро надорад
(last modified 2016-08-30T09:21:45+00:00 )
Август 30, 2016 14:21 Asia/Dushanbe

Нашрияи амрикоӣ навишт, дар ҳоле ки мақомҳои аршади низомии Амрико намехоҳанд ба таблиғи нуқоти осебпазири худ бипардозанд, Эрону Русия дар ҳоли пур намудани халои ҷуғрофӣ ва сиёсии мавҷуд аз баҳри Балтика то Халиҷи Форс ҳастанд.

Нашрияи амрикоии «Форбс» дар таҳлиле навишт, артиши Амрико бими набарди эҳтимолиро дар ҷаҳон дар панҷ соли оянда дорад ва албатта, аз уҳдаи ҳазинаҳои молии ин набардҳо низ намебарояд.

Ба навиштаи "Форбс", набард дар 5 соли оянда зеҳни фармондеҳони аршади артиши Амрикоро пур кардааст. Онҳо медонанд, ки бо террористҳо ва шӯришён то ояндаи қобили пешбинӣ хоҳанд ҷангид, аммо он чӣ, ки зеҳнашонро дар воқеъ машғул карда, ин аст, ки шояд дар Аврупои Шарқӣ бо Русия, дар Ховари Миёна бо Эрон ва дар Шарқи Дур бо Кореяи Шимолӣ даргирии тамомайёре дошта бошанд.

Ба навиштаи ин расонаи амрикоӣ, мақомҳои аршади низомии Амрико дар бораи баҳс перомуни хатароти мавҷуд дар ин замина ба таври шаффоф эҳтиёт мекунанд. Онҳо намехоҳанд ба таблиғи нуқоти осебпазири Амрико бипардозанд, аммо ошкор аст, ки чархиши Ҳукумати Обама ба самти уқёнуси Ором, ки дар сол 2012 эълом шуд, халои ҷуғрофӣ ва сиёсиро аз баҳри Балтика то Халиҷи Форс эҷод карда ва Эрону Русия саъй дар пур кардани он доранд. Дар зимн ҳукумати ғайрқобили пешбинии Кореяи Шимолӣ низ рафтори хасмонае ба самти Кореяи Ҷанубиро, ки Амрико мутааҳҳид ба дифоъ аз он аст, аз худ нишон медиҳад. Бар ин асос, Вашингтон иштиёқи чандоне барои набардҳои ҷадид надорад, аммо агар кишварҳои ёдшуда иродаи худро бо кӯмаки қувваҳои низомӣ ба кишварҳои ҳамсоя таҳмил кунанд, сарони Амрико гузинаҳои каме дар даст доранд. Ин таҷовуз, чӣ дар қолаби сарнагун кардани низом бошад ё таҳоҷуми мустақим, Амрико маҷбур ба посух додан аст, зеро муваффақияти муҳоҷимон ба таври чашмгир чашмандози ҷаҳониро ба зарари Амрико тағйир медиҳад. Ин ки артиши Русия ба қалби Аврупо баргардад, Эрон контроли аксари манотиқи нафтии Ховари Миёнаро дар даст гирад ё Кореяи Шимолӣ Кореяи Ҷанубиро тасарруф кунад, чандон тахайюлӣ нест.

Дар интиҳои ин матлаб омадааст: он чӣ барномарезони низомии Амрикоро нигарон менамояд, ин аст, ки артиши ин кишвар омодагии кофӣ барои чунин сенарияҳо надорад. Амрико натанҳо нерӯҳои заминии худро дар Осиё ва Аврупо коҳиш дода, бештар такя ба нерӯҳои ҳавоию баҳрӣ барои ҳифзи амнияти минтақаӣ шудааст, балки сармоягузориро дар арсаи фанновариҳои ҷадид барои нерӯҳои заминӣ низ  кам кардааст.

 

Барчасп