Трамп: БАРҶОМ бадтарин тавофуқ аст
Раиси ҷумҳурии Амрико шанбешаб дар ҷамъи ҳаводоронаш дар иёлати Мичигани ин кишвар дубора гуфт: Барнома ҷомеи иқдоми муштарак бадтарин тавофуқ аст.
Доналд Трамп пештар низ борҳо бар хилофи мавозеи тарафҳои дигари БАРҶОМ (Бритониё, Фаронса, Русия, Чин, Олмон ва Иттиҳодияи Аврупо), Барномаи ҷомеи иқдоми муштаракро тавофуқи ваҳшатнок ва бад хонда буд.
Раиси ҷумҳурии Амрико бо иддаои инки тавофуқи ҳастаӣ танҳо манофеи Эронро таъмин мекунад, хоҳони тағйири БАРҶОМ дар ростои манофеи Вашингтон аст.
Трамп дар Мичиган ҳамчунин тасреҳ кард: Вашингтон тай се моҳи оянда сафораташро аз Телавив ба Қудси ишғолӣ мунтақил хоҳад кард.
Трамп, шашуми декабри 2017 бо вуҷуди мухолифатҳои густурдаи минтақаӣ ва ҷаҳонӣ эълом кард: Вашингтон, Қудсро ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ ба расмият мешиносад.
Вай ҳамчунин аз вазорати хориҷаи Амрико хост, то заминаи интиқоли сафорати Амрико аз Тел-Авив ба Байтулмуқаддасро фароҳам кунад.