Оғози супоридани шиносномаҳои электронӣ дар Афғонистон
Супоридани шиносномаҳои ҷадиди электронӣ дар Афғонистон бо ҳузури раисиҷумҳури ин кишвар, оғоз шуд.
Супоридани шиносномаҳои ҷадиди электронӣ, тарҳе миллӣ дар Афғонистон аст, ки масири пуруфтухезро дар маъобири қонунӣ ва сиёсӣ аз Маҷлиси намояндагон то ниҳоди раёсатҷумҳурӣ ва маҷлиси Сенат, тай кард.
Ашраф Ғанӣ дар ҳангоми дарёфти шиносномаи худ гуфт, супоридани ин аснод, ҳувияти муҳим аст ва имрӯз як рӯзи таърихӣ барои мардуми Афғонистон маҳсуб мешавад.
Раисиҷумҳури Афғонистон афзуд, муҳиммтарин далеле, ки имрӯз барои оғози супоридани шиносномаи электронӣ интихоб шуд, ҳамлаи террористии ахир дар Кобул буд.
Ба гуфта вай, ба эҳтимоли зиёд ҳамлакунандаи террористӣ шиносномаи ҷаъл( тақаллуб)-ӣ дошта ва муҳиммтарин иқдом барои поён додан ба ноамнӣ ва таъмини амният барои шаҳрвандон он аст, ки бидонем чӣ касе афғон аст.
Дастури раисиҷумҳури Афғонистон барои дарҷ (қайд)-и қавмият дар шиносномаҳои ҷадид ба вуҷуди радди он аз сӯи Маҷлиси намояндагон, дар кумитаи муштараки намояндагони маҷлиси Сенат ва намояндагон, тасвиб шуд.
Қайди калима афғон дар шиносномаи электронӣ ба унвони миллияти шаҳрвандон, яке дигар аз мавориди ҷанҷолбарангез аст ва бисёре хоҳони қайди номи ақвоми худ ба ҷои калимаи афғон ҳастанд.
Ин афрод мӯътақиданд, номи афғон тибқи асноди таърихӣ ва урфи ҷорӣ, танҳо барои ақвоми паштун бакор меравад ва афғон хондани шаҳрвандони Афғонистон бо ин вожа, ба унвони миллият бар хилофи воқеият аст.
Интихоботи парлумонӣ ва шӯроҳои вилояти Афғонистон низ қарор аст, 20 октябри 2018 баргузор шавад.