Афзоиши талафоти ғайринизомиён дар Афғонистон
Раиси Комиссияи ҳуқуқи башари Афғонистон аз кушта шудани беш аз 23 ҳазор ғайринизомии афғон дар 9 соли гузашта бар асари ҷанг, даргирӣ ва ҳамалоти террористӣ дар ин кишвар хабар дод.
Ба гуфтаи Симо Самар, бар асоси натоиҷи пажӯҳиши ҷадиди ин ниҳод, беш аз чиҳил ҳазор ғайринизомии дигар ҳам захмӣ шудаанд ва омили ин ҷиноёт гурӯҳи террористии ДИИШ, гурӯҳи Толибон ва ҳамчунин низомиёни хориҷӣ ҳастанд.
Амрико дар соли 2001 ба баҳонаи аз байн бурдани Толибон ва Алқоида ба Афғонистон ҳамла ва онро ишғол кард. Ваъдаи амрикоиҳо, ки баъдан НАТО-ро низ бо худ ҳамроҳ карданд, барқарории амният, ҳалли мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоии Афғонистон буд.
Акнун бо гузашти 17 сол аз ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон на танҳо терроризм ва хушунатгароӣ дар ин кишвар аз байн нарафтааст, балки ба гуфтаи мақомоти давлати Афғонистон беш аз 20 гурӯҳи террористӣ дар ин кишвар фаъол ҳастанд, ки муҳимтарини инҳо гурӯҳи террористии ДИИШ аст.
Дар ин ҳол нерӯҳои хориҷӣ, ки барои ба истилоҳ таъмини амният ба Афғонистон лашкаркашӣ карданд, акнун худ ба омили ноамнӣ ва буҳрон дар Афғонистон табдил шудаанд.
Аз як сӯ ин нерӯҳо ба таври мустақим дар амалиётҳои худ иқдом ба куштори ғайринизомиён мекунанд ва аз сӯйи дигар гурӯҳҳои ифротгаро ва хушунатталаб пайвастан ба раванди сулҳи Афғонистонро ба хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон машрут кардаанд, ки боиси ташдиди буҳрон ва ноамнӣ дар Афғонистон мешавад. Ҳамон гуна, ки дар нишасти ахири Шӯрои уламои Афғонистон дар Кобул низ таъкид шуд, нӯги пайкони ҳамалоти шибҳинизомиён ҳамчунон мардуми Афғонистон аст, ки солҳо таҳти зулму ситам ва осебҳои ҷангҳои дохилӣ ва ишғол қарор доштаанд.
Эмил Файзӣ, сухангӯи раёсати ҷумҳурии собиқи Афғонистон мегӯяд: “Куштори ғайринизомиёни афғон паёмади сиёсатҳои Вашингтон аст. Агар Амрико ин гуна, ки иддао мекунад, барои тақвияти амният ва суботи Афғонистон талош мекунад, пас чӣ гуна аст, ки рӯзона ғайринизомиёни бештаре дар Афғонистон кушта мешаванд ва ҳамалоти террористӣ низ рӯ ба афзоиш аст?”
Яке аз муҳимтарин илали идомаи фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон пойдор мондани манобеи молии ин гурӯҳҳо аст. Илова бар кумакҳои хориҷӣ, тавлид ва қочоқи маводи мухаддир аз муҳимтарин манобеи таъмини молии ин гурӯҳҳо аст, ки ахиран истихроҷи ғайриқонунӣ ва фурӯши манобеи маъданӣ низ ба он афзуда шудааст. Амрико ва НАТО дар 17 соли гузашта барои аз байн бурдани манобеи молии террористҳо на танҳо иқдом накардаанд, балки гуфта мешавад дар қочоқи маводи мухаддир низ даст доранд.
Генерал Гареев, аз фармондеҳони собиқи артиши Русия мегӯяд; "Амрико қасди мутаваққиф кардани тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистонро надорад. Зеро бо он ҳазинаи ҳузури низомии худро дар ин кишвар таъмин мекунад. Киштзорҳои маводи мухаддир дар канори пойгоҳҳои Амрико қарор дорад. Қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистон барои Амрико ва муттаҳидонаш солона ҳудуди 50 миллиард доллар даромад дорад, ки ба таври комил ҳазинаҳои низомии онҳоро дар Афғонистон таъмин мекунад".
Дар ҳар ҳол мардуми Афғонистон ҳамчунон қурбонии вазъияте ҳастанд, ки бо ҳамкории нерӯҳои ифротгаро ва хушунатталаби дохилӣ ва хориҷӣ эҷод шуда ва идома дорад.
Дар сурате, ки гурӯҳи Толибон дархостҳои мукаррари маҳофили мухталиф барои пайвастан ба раванди сулҳи Афғонистонро бипазирад, на танҳо боиси тақвияти иттиҳоди миллӣ барои муқобила бо террористҳо мешавад, балки баҳонаро аз Амрико барои идомаи ҳузури низомияш дар Афғонистон хоҳад гирифт.