Июл 19, 2016 17:59 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии маънодори Созмони милал аз озодсозии Мӯсил

Созмони милал бо нодида гирифтани талошҳои давлати Ироқ барои поён додан ба ишғолгарӣ ва ҷиноёти террористҳои ДИИШ дар манотиқи мухталифи ин кишвар, дар бораи паёмадҳои эҳтимолии амалиёти озодсозии Мӯсил дар шимоли Ироқ, ибрози нигаронӣ кард.

Дафтари ҳамоҳангии умури башардӯстонаи СММ рӯзи душанбе бо ироаи гузорише иддао кард, амалиёти қарибулвуқуъи бозпасгирии Мӯсил, маркази устони шимоли Найнаво, авоқиби вахиме барои шаҳрвандони ин минтақа хоҳад дошт.

Дафтари ҳамоҳангии умури башардӯстонаи СММ дар гузориши худ, бидуни ишора ба куштори рӯзонаи ғайринизомиёни ироқӣ ба дасти террористҳои ДИИШ, дар манотиқи таҳти ишғоли ин гурӯҳ бавижа Мӯсил хотирнишон кард, бо оғози амалиёти озодсозии Мӯсил, садҳо ҳазор тан аз сокинони минтақа овора хоҳанд шуд.

Ҳушдор ва ибрози нигаронӣ дар шароите матраҳ мешавад, ки ба истиноди гузоришҳои мутааддиди ҳамин ниҳод, аз замони ишғоли бахшҳое аз хоки Ироқ тавассути ДИИШ, дар аз июни 2014 ба ин сӯ, ба таври миёнги моҳона як ҳазор шаҳрванди ироқӣ дар иқдомоти террористии ин гурӯҳ дар Ироқ кушта шудаанд.

Қатли оми 1700 тан аз донишҷӯёни пойгоҳи ҳавоии "Спайкер" тахриби густардаи осори бостонӣ, истифода аз ҳазорон кӯдаки бесарпарасти ироқӣ дар набардҳои майдонӣ ва омӯзиш барои иҷрои ҳамалоти террористӣ ва ба асорат гирифтани 5 ҳазор зану духтари курди эзадӣ, танҳо бахше аз ҷиноёти ДИИШ дар Ироқ тайи дусоли гузашта аст.

Бо ин ҳол мушаххас нест, чаро Созмони милал дар ин бурҳаи ҳассос ҳамнаво бо масъулони амрикоӣ ва арабистонӣ ба ҷои ҳимоят аз талошҳои давлат ва артиши Ироқ барои поён додан ба дарду ранҷи мардуми Ироқ, дар бораи озоғи амалиёти қарибулвуқуъи озодсозии Мӯсил, ибрози нигаронӣ мекунад.

Чанде пеш низ пас аз иҷрои амалиёти муваффақиятомези артиши Ироқ дар бозпасгирии Фаллӯҷа дар устони Аланбор, бархе масъулони амрикоӣ, саудӣ ва Созмони милал бидуни ишора ба нақши озодсозии ин минтақа дар тақвияти дараҷаи амниятии Ироқ, бидуни ҳеч далел ва мадраке нерӯҳои ироқиро ба истифода аз хушунат алайҳи сокинони Фалӯҷҷа муттаҳам карда буданд.

Ҳарчанд ин мавозеъ бо вокуниши шадиди мардум ва масъулони ироқӣ рӯбарӯ шуд, аммо ин дар ҳоле буд, ки нерӯҳои ироқӣ барои таъмини амнияти ҷони ғайринизомиён борҳо марҳалаи поёнии озодсозии Фаллӯҷаро ба таъхир андохта буданд ва қадрдонӣ ва шодмонии мардуми минтақа пас аз озодии Фаллӯҷа, худ гӯвоҳи ин муддао аст.

Таҷрибаи дастакам 10 соли гузаштаи муборизаи давлат ва мардуми Ироқ барои истиқлолхоҳӣ нишон дода, ҳаргоҳ ин кишвар дар остонаи як муваффақияти бузург мерасад, душманони пешрафт ва тавсеаи ин кишвар бо дастовез қарор додани масоили инҳирофӣ мекӯшанд, мардуми ин сарзаминро аз расидан ба аҳдофи мутаолии худ, дур кунанд.

Ин дар ҳоле аст, ки масъулон ва шахсиятҳои дилсӯзи Ироқ, бавижа марҷаъияти олии шиа борҳо бо ҳушдор дар бораи тарфандҳои душманон зидди мардум ва тоифаҳои ироқӣ эълом кардаанд, танҳо роҳи расидан ба истиқлол ва пешрафти воқеӣ, ваҳдати гурӯҳҳои дохилӣ ва ҳӯшёрии мардум дар баробари тавтеаҳои печида ва гӯногуни душманоне чун Амрико ва Арабистон аст.

Барчасп