Июн 23, 2018 13:36 Asia/Dushanbe
  • Посухи ҷолиби ФИФА ба мухлиси эронӣ дар Ҷоми ҷаҳонии Русия

Як эъронӣ, ки бо баннери худ дар бозии Эрон-Спания маъруфшуда буд ҷавоби худро аз ФИФА гирифт.

Ба нақл аз Спутник, яке аз ҳаводорони тими миллии футболи Эрон дар ин бозӣ баннери ҷолиберо бо худ ба варзишгоҳи Қазон Арна бурд, ки дар он навишта шуда буд"Агар чи мо футболбози бузурге монанди Иниеста ё Роналдо надорем, аммо як қалби бузург ва як руёи бузургтар дорем".

Пас аз поёни дидори Эрон ва Спания ва пирӯзии як бар сифри Спания Твиттери Федератсияи ҷаҳонии футбол ба ин акс вокуниш нишон дод ва гуфт: Руё ҳануз зинда аст.

Дар чорчуби мусобиқаҳои Ҷоми ҷаҳонӣ, тими миллии футболи Эрон дар нахустин руёруии худ дар рӯзи 15-уми июн дар Санкт-Петербург дар баробари Марокиш бо натиҷаи як бар сифр пирӯз шуд.

Сипас тими миллии Эрон дар таърихи 20-уми июн дар шаҳри Қазон бо тими миллии футболи Спания бозӣ кард ва дар ҷараёни як набарди қаҳрамонона бо натиҷаи як бар сифр шикаст хурд.

Дар таърихи 25-уми июн, бозии саввуми Эрон дар баробари Португал дар марҳилаи нахусти Ҷоми ҷаҳонии 2018 Русия дар Саранск баргузор мешавад.

 

Барчасп