Туркия дар остонаи ду интихоботи зудҳангоми муҳим
(last modified Sat, 23 Jun 2018 12:08:17 GMT )
Июн 23, 2018 17:08 Asia/Dushanbe
  • Туркия дар остонаи ду интихоботи зудҳангоми муҳим

Нахустин давраи интихоботи раёсатҷумҳурӣ ва бисту шашумин интихоботи парлумонии Туркия фардо (якшанбе -24 июн) дар ин кишвар баргузор мешавад.  

Беш аз 56 миллион раъйдиҳандаи турк, фардо пои сандуқҳои раъй ҳозир мешаванд, то раисҷумҳурӣ ва намояндагони Парлумони Туркияро интихоб кунанд.  

Дар ин давра аз интихоботи раёсатҷумҳурӣ, шаш номзад бо якдигар рақобат мекунанд.

Дар сурате, ки ҳар як аз номзадҳо битавонад 50 дарсад аз ороро касб кунад, натоиҷи интихобот дар давраи аввал қатъӣ мешавад.

Дар ғайри ин сурат, интихобот ба даври дувум кашида мешавад ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури феълии Туркия мебоист бо яке аз номзадҳои аҳзоби мухолиф, дар даври дувуми интихобот рақобат кунад.

Таи наздик ба як моҳи гузашта, эътилофи мухолифон, давлати Анкара ва Ҳизби адолат ва тавсеаро ба талош барои таблиғоти яксӯя дар расонаҳо ва ҷомеаи Туркия муттаҳам карданд.

Дар воқеъ, пеш аз баргузории интихобот, мавзуи ноодилона будани он дар дастури кори мухолифони давлати Анкара қарор гирифтааст.  

Сонер Кагаптай, коршиноси сиёсии турк-амрикоӣ мустақар дар Вашингтон дар мақолае, ки дар пойгоҳи интернетии нашрияи "Тайм" мунташир шуд, чаҳор мавридеро баршумурд, ки лозим аст, пеш аз бргузории интихоботи зудҳангом дар Туркия мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад:

"Шаҳрвандони Туркия якшанбе дар дар ду интихоботи ҳамзамон, яке раёсатҷумҳурӣ ва дигаре парлумонӣ раъй медиҳанд. Назарсанҷиҳо аз рақобате танготанг ва наздик ҳикоят доранд ва интихоботи пешорӯ, рӯйдоде таърихӣ ҳам барои Туркия ва ҳам барои раисҷумҳури ин кишвар ба шумор меояд".  

Калиди кохи раёсатҷумҳурии Туркия  ба фарде супурда хоҳад шуд, ки таи рӯзҳои гузашта тавониста бошад, мардуми ин кишварро дар заминаи беҳбуди вазъияти иқтисодӣ, сомон додан ба вазъияти нобасомони бонкӣ ва ҳамчунин поён додан ба муъзали сиёсатҳои нодуруст дар арсаи минтақаӣ ва байналмилалӣ қонеъ карда бошад.