Июл 08, 2018 08:55 Asia/Dushanbe
  • Сиёсатҳои муҳоҷиратии Трамп амрикоиҳоро ба ҷони ҳам андохт

Мувофиқон ва мухолифони сиёсатҳои муҳоҷиратии Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико рӯзи шанбе дар иёлати Кентокии ин кишвар тазоҳурот карданд ва алайҳи якдигар шиор доданд.

Ба гузориши ИРНА, мухолифони сиёсатҳои муҳоҷиратии Трамп аз аъзои ҷунбиши «Ожонси муҳоҷират ва гумрукҳоро ишғол кунед» (Occupy ICE) буданд.

Мувофиқони сиёсатҳои муҳоҷиратии раиси ҷумҳурии Амрико низ аз ҳаводорони гурӯҳи мавсум ба «Седарсадиҳо» буданд.

 Гурӯҳи «Седарсадиҳо» мӯътақид аст, танҳо се дарсад аз амрикоиҳо бо истеъморгарони Бритониёӣ ҷангиданд. Ин гурӯҳ хоҳони истифода аз иқдомоти низомӣ барои ҳимоят аз сарқонуни Амрико аст.

 Давлати Трамп бо сиёсати ба истилоҳ «таҳаммули сифр» дар баробари вуруди муҳоҷирони ғайрқонунӣ, яке аз ошкортарин ва мусалламтарин ҳуқуқи инсониро зери по гузоштааст.

Дар чорчуби ин сиёсат, ҳудуди ду ҳазор кӯдак дар ҳафтаҳои гузашта ба зӯр аз волидайнашон ҷудосозӣ ва дар урдугоҳҳои ҷудогонае дар марзи Амрико ва Мексика зиндонӣ шудаанд.

Созмони милали муттаҳид бо маҳкум кардани ин рафтори давлати Амрико эълом кард, нигарони сиёсате аст, ки тибқи он кӯдаконро ба хотири рафторҳои волидайнашон танбеҳ мекунад.

Коршиносони Созмони милал таъкид кардаанд: Ҷудосозии кӯдакон аз волидайнашон, зарбаи сахти рӯҳӣ ба онҳо ворид мекунад.

 

Барчасп