Июл 16, 2018 09:11 Asia/Dushanbe
  •  Беҳтаринҳои Ҷоми ҷаҳонии 2018 Русия муъаррифӣ шуданд+аксҳо

Беҳтаринҳои Ҷоми ҷаҳонии 2018 Русия якшанбешаб пас аз поёни ин рақобатҳо аз сӯи Федератсияи байналмиллалии футбол "ФИФА" муъаррифӣ шуданд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон  пас аз поёни ин бозӣ   Лука Модрич (Luka Modrić) капитани тими миллии футболи Хорватия аз сӯи ФИФА ба унвони беҳтарин  футболбози Ҷоми ҷаҳонии 2018 Русия интихоб шуд.

 

Image Caption

Модрич нақши калидие дар расидани Хорватия ба финали Ҷоми ҷаҳонӣ дошт.

 

Килиан Мбаппе (Kylian Mbappé)  ситораи 19 солаи тими миллии Фаронса, ки амалкарди  фавқулодае дар Ҷоми ҷаҳонӣ дошт низ ба унвони беҳтарин футболбози  ҷавони ин рақобатҳо муъаррифӣ шуд.

 

Image Caption

 

Тибо Куртуа (Thibaut Courtois)  дарвозабони тими миллии  Белгия ҳам аз сӯи ФИФА ба унвони беҳтарин дарвозабони Ҷоми ҷаҳонӣ интихоб шуд ва дасткаши тиллоро аз они худ кард.

 

Image Caption

 

Гарри Кейн  (Harry Kane) капитани тими миллии Англия низ бо 6 голи зада тавонист  унвони Оқои гули Ҷоми ҷаҳонии 2018-ро аз они худ  кунад ва  кафши тиллоро  ба даст оварад.

 

Image Caption

 

 

Тими миллии футболи  Испания ҳам аз сӯи ФИФА ба унвони   тими ҷавонмарди Ҷоми ҷаҳонии 2018 Русия  муъаррифӣ шуд.

 

Image Caption

Барчасп