Ифшогарӣ аз ҳайфу майли ҳазинаҳои бозсозии Афғонистон
Июл 26, 2018 10:52 Asia/Dushanbe
Бозраси вижаи Амрико дар умури бозсозии Афғонистон эълом кард, Амрико беш аз 15 миллиард доллар аз ҳазинаҳои бозсозии ин кишварро ҳадар додааст.
Ҷон Сопко пас аз 10 моҳ таҳқиқ дар гузорише ба аъзои Конгресси Амрико эълом кард, беш аз 15/5 миллиард доллар аз ҳазинаҳои бозсозии Афғонистон дар ин кишвар аз тарафи Амрико ҳадар рафтааст.
Вай таъкид кард, беш аз чаҳор миллиард доллар, ки қарор буд, барои барномаҳои эҷоди субот дар Афғонистон ҳазина шавад, дар воқеъ мунҷар ба ташдиди буҳрон, эҷоди фасод ва тақвияти ҳимоят аз тарафҳои даргир шудааст.
Барчасп