Июл 30, 2018 15:24 Asia/Dushanbe
  • Изҳороти Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар бораи раванди музокира бо Толибон

Раиси иҷроии давлати Ваҳдати Миллии Афғонистон таъкид кард, музокироти сулҳ бо гурӯҳи Толибон ва тасмимгирӣ дар бораи сарнавишти мардуми Афғонистон ҳаққи давлат ва мардуми ин кишвар аст.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар ҳамоише дар Кобул таъкид кард, ҳеҷ кишваре ҳаққи тасмимгирии инҳисорӣ дар бораи тарҳи сулҳи Афғонистонро надорад. Вай зимни таъйиди музокироти Амрико бо гурӯҳи Толибон афзуд, ин тамосҳо ба маънои музокироти сулҳ нест.

Шоҳҳусайни Муртазавӣ, муовини сухангӯи раиси ҷумҳурии Афғонистон низ дар бораи музокира бо гурӯҳи Толибон гуфт, раванди сулҳ бо ин гурӯҳ танҳо мутааллиқ ба давлати Афғонистон аст. Вокуниши манфии мақомоти Афғонистон ба музокироти пинҳонии Амрико бо Толибон, ки гуфта мешавад, аз сӯйи Алис Уелс, муовини вазири умури хориҷаи Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ низ таъйид шудааст, нишон медиҳад, ки давлати Кобул ҳеҷ гуна мудохилаеро дар ин хусус намепазирад ва хоҳони пешбурди раванди сулҳи Афғонистон танҳо аз тариқи мароҷеъ ва ниҳодҳои дохилӣ аст. Зеро раванди сулҳи Афғонистон беш аз ҳар чизе ниёзманди ваҳдати миллӣ аст, ки дар дохил ҳамаи гурӯҳҳои қавмӣ ва мазҳабӣ барои гуфтугӯ ва сулҳ бо Толибон иттифоқ назар дошта бошанд. Зеро аз назари мардуми Афғонистон Толибон ва Амрико халалрасонандаи амнияти миллии Афғонистон ҳастанд ва ду нерӯи душман наметавонанд дар бораи раванди сулҳ ва ояндаи таҳаввулоти Афғонистон тасмимгирӣ кунанд. Ба ҳамин далел давлати Кобул на танҳо ҳозир ба ширкат дар тарҳи гуфтугӯи сулҳе, ки аз сӯйи Амрико мудирият мешавад, нашудааст, балки ҳамчунон аз роҳҳои мухталиф дар садад аст Толибонро барои канор гузоштани силоҳ тарғиб намояд.

Латиф Назарӣ, коршинос ва устоди донишгоҳ мегӯяд, Амрико дар Афғонистон танҳо ҳузури низомӣ ва амниятӣ надорад, балки ба унвони қудрате, ки қасд дорад бозиҳои геоплтикии ҷадидеро дар минтақа роҳандозӣ кунад, барномаҳои мушаххасе дорад ва бар ҳамин асос аст, ки Вашингтон мекӯшад дар ҳамаи умур мудохила ва онро дар ростои манофеи худ мудирият намояд.

Ташкили эътилофи бузурги миллии Афғонистон, ки яке аз аҳдофи он талош барои таҳияи роҳкори музокира бо Толибон аст ва дар ҳамон ҳол ҳимоятҳои давлати Кобул аз раванди сулҳ нишон медиҳад, ки иттифоқи назари комиле миёни ҳама ҷиноҳҳои қавмӣ, мазҳабӣ ва сиёсӣ барои сулҳ бо Толибон дар Афғонистон шакл гирифтааст. Ҳимояти Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳурии қаблии Афғонистон аз эътилофи бузурги миллии ин кишвар, ки муташаккил аз мухолифони сиёсии давлати Афғонистон аст, ба маънои ҳимоят аз талошҳои он дар болотарин сатҳ аз қавми паштунҳо аст, ки сулҳ бо Толибон бояд бар асоси мудирияти дохилӣ бошад.

Муҳаммад Юсуфи Аминзози, коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд,  ҳеҷ кас дар Афғонистон дӯст надорад нерӯи хориҷӣ дар ин кишвар ҳузур дошта бошад ва дар умури Афғонистон дахолат кунанд, аммо рақобатҳои қудратҳои бузург бо якдигар сабаб шуда, ки кишваре монанди Афғонистонро ба майдони ин рақобатҳои худ табдил кунанд ва танҳо аз тариқи ҳушёрии дохилӣ метавон онро хунсо кард.

 Дар ҳар ҳол, мухолифати Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо мудохилоти хориҷӣ дар умури дохилии Афғонистон метавонад ҳушдоре ба Амрико ва Англия бошад, ки бо ба расмият шинохтани Толибон ва музокира бо он ба унвони қудрати низомии мухолифи давлати Афғонистон, мекӯшанд умури ин кишварро бар асоси манофеи худ мудирият ва созмондеҳӣ кунанд.

Ин дар ҳолест, ки Толибон низ медонад, ки мардуми Афғонистон на танҳо бегонаситезанд, балки бо гурӯҳҳое, ки мекӯшанд ҳузури бегонагонро дар Афғонистон мустаҳкам кунанд, ба шиддат муқобила мекунанд.

 

Барчасп