Афзоиши қурбониёни ҳамла ба маросими намози ҷумъа дар Афғонистон
(last modified Sat, 04 Aug 2018 06:21:08 GMT )
Август 04, 2018 11:21 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши қурбониёни ҳамла ба маросими намози ҷумъа дар Афғонистон

Вазорати умури дохилии Афғонистон ҷумъашаб эълом кард, шумори талафоти ҳамлаи интиҳорӣ ба масҷиди “Имоми Замон” (аҷ) дар шаҳри Гардези вилояти Пактиё ба 31 нафар расидааст.

Вазорати умури дохилии Афғонистон хотирнишон кард, дар ин ҳамла 81 нафар низ захмӣ шудаанд.

Ду террорист рӯзи ҷумъа, пас аз вуруд ба масҷиди “Имоми Замон” - и шаҳри Гардез ва тирандозӣ ба сӯйи намозгузорон, маводи таркандаи ҳамроҳи худро мунфаҷир карданд.

Манобеи афғон пештар теъдоди кушташудагони ин ҳамларо 25 нафар ва теъдоди захмиҳоро 40 нафар эълом карда буданд.

Гурӯҳи Толибон соате пас аз ин ҳамла, дар баёнияе эълом кард, дар ин ҳамла даст надоштааст.

То кунун масъулияти ағлаби ҳамалот ба масҷидҳои Афғонистонро гурӯҳи террористии ДИИШ бар ӯҳда гирифтааст.