Дархости Русия аз Ожонси байналмилалии энержии атомӣ барои тазмини иҷрои босуботи барҷомӣ
(last modified Thu, 13 Sep 2018 07:24:12 GMT )
Сентябр 13, 2018 12:24 Asia/Dushanbe
  • Дархости Русия аз Ожонси  байналмилалии энержии атомӣ барои тазмини иҷрои босуботи барҷомӣ

Тавофуқи ҳастаии БарҶом дар июли соли 2015 дар Вена байни Эрон ва гурӯҳи 5+1 эълом шуд ва иҷрои он аз январи соли 2016 оғоз шуд. Ниҳоди байналмилалии назорат бар ифои тааҳҳудоти барҷомии Эрон - Ожонси байналмилалии энержии атомӣ аст, ки пойбандии комили Эрон ба ин тавофуқро эълом кардааст.

Юкия Амоно, мудири кулли ожонс таъкид карда, ки БарҶом муваффақияте қобили тавваҷуҳ барои ростиозмоии ҳастаӣ аст ва ожонс дастрасиҳои комили мавриди ниёзи худро дорад.

Русия ба унвони яке аз аъзои гурӯҳи 5+1 ҳамвора аз ҳифзу иҷрои БарҶом тарафдорӣ кардаву аз мунтақидони аслии иқдоми Доналд Трамп, раиси ҷумҳкрии Амрико дар заминаи хуруҷи Амрико аз БарҶом будааст. Бо тавваҷуҳ ба бозгашти таҳримҳои ҳастаии Вашингтон алайҳи Эрон ва талоши он барои лағви БарҶом, Маскав дар ҷадидтарин мавзеъгирии худ хоҳони тазмини иҷрои босуботи БарҶом тавассути Ожонси байналмилалии энержии атомӣ шудааст.

Дар ин росто Михаил Улянов, намояндаи Русия дар Ожонси байналмилалии энержии атомӣ рӯзи чаҳоршанбе дар нишасти Шӯрои ҳуккоми Ожонси  байналмилалии энержии атомӣ дар Вена, бо қадрдонӣ аз пойбандии Эрон ба тааҳҳудоти ҳастаии худ дар БарҶом, аз ожонс хост, ки иҷрои босуботи ин тавофуқи байналмилалиро тазмин кунад.

Улянов гуфт: Интизори мо ин аст ки ожонс ба вазифаи худ ба унвони як довари бетараф амал кунаду мабнои мустаҳкам барои идомаи иҷрои БарҶом фароҳам кунад ва Русия барои идомаи иҷрои комили тавофуқи ҳастаии Эрон, ки тазминкунандаи манофеи кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, аз ҳеч талоше фурӯгузор нахоҳад кард.

Мавозеъ ва гузоришҳои ожонс ба унвони ниҳоди фаннӣ ва масъули  байналмилалӣ барои назорат бар иҷрои тааҳҳудоти ҳастаии Эрон дар БарҶом боис шуд, ки Амрико бо ноумедӣ аз ёфтани баҳонаҳои ҳастаӣ барои эъмоли фишор бар Эрон, тамаркузи худро бар баҳонаҳои беасоси масоили ғайримуртабит бо БарҶом ҳамчун барномаи мушакӣ ва нақши минтақаии Эрон қарор диҳад.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико дар 8 –уми майи соли 2018 бо такрори иттиҳомҳои беасос алайҳи Эрон ва зери савол бурдани фаъолиятҳои ҳастаии сулҳомези Теҳрон, хуруҷи Вашингтон аз БарҶом ва бозгашти таҳримҳои ҳастаиро эълом кард. Ин иқдоми раиси ҷумҳурии Амрико бо интиқодоти густардаи ҷаҳонӣ, ба вижа дигар аъзои гурӯҳи 5+1 мувоҷеҳ шудааст.

Аз ҷумла Русия муътақид аст, ки барҳам хурдани БарҶом ва лағви ин тавофуқ таъсироти манфии зиёде барои сулҳу амнияти байналмилалӣ дорад ва ҳамин амр боис шуда то Маскав дар моҳҳои ахир борҳо ва аз забони мақомоти аршади он хоҳони ҳифзи БарҶом бо тавваҷуҳ ба короии он шавад. Дар айни ҳол иқдоми душманонаи Амрико алайҳи Эрон дар таҷдиди таҳримҳои ҳастаӣ дар ду марҳала, яъне дар август ва ноябри соли 2018 бо мухолифати ҷаҳонӣ мувоҷеҳ шудаву бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Чин, Русия ва Туркия эълом кардаанд, аз хостаи Трамп пайравӣ намекунанд.

Аз дидгоҳи Маскав, Амрико барои рафъи ихтилофоти худ бо Эрон бояд роҳҳои дайгареро ҷустуҷӯ канад ва ба хатар афтодани БарҶом бо тавваҷуҳи дастовардҳои он, иқдоме мантиқӣ ва оқилона нест.

Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия дар ин замина гуфт: Мо муътақидем, ки БарҶом абзоре аст, ки ба таври куллӣ, ба хусус дар Ховари Миёна, манъи густариши ҳастаиро осон кардааст. Тардиде вуҷуд надорад, ки набояд ин абзор аз байн биравад.

Бо вуҷуди мавзеи Русия ва дигар кишварҳои гурӯҳи 5+1 дар заминаи лузуми ҳифзи БарҶом, аммо Трамп ҳамчунон бо беэътиноӣ ба ин масъала, бар нобудии ин тавофуқи муҳими байналмилалӣ пофишорӣ мекунад. Бо ин ҳол мушаххас аст, ки Трамп дар ин талоши худ чандон муваффақ набудаву сирфан бо истифода аз зӯру тарс додан, ба дунболи иҷрои хостаи худ аст. Мавзее, ки боиси инзивои беш аз пеши Амрико дар сатҳи ҷаҳонӣ шудааст.

 

Барчасп