Ҳушдори раисиҷумҳури Афғонистон ба омилони ҳамлаи террористии Кобул
(last modified Thu, 22 Nov 2018 13:21:24 GMT )
Ноябр 22, 2018 18:21 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори раисиҷумҳури Афғонистон ба омилони ҳамлаи террористии Кобул

Раисиҷумҳури Афғонистон бо ҳушдор ба омилини ҳамла ба ҳамоиши гиромидошти милоди Расули Акрам(с) дар шаҳри Кобул, гуфт, ин гуна иқдомоти ҷинояткорона бепосух нахоҳад монд.

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар дидор бо маҷрӯҳони ҳамлаи террористии Кобул гуфт, душманони Афғонистон арзишҳои ахлоқӣ ва шаръиро зери по гузоштанд ва ба ҳувияти миллии афғон, ҳамла карданд ва ин ҷиноят бепосух намемонад.

Раисиҷумҳури Афғонистон бо ишора ба инки сухангӯи Толибон дар баёнияе ҳамлаи террористии Кобулро маҳкум кард, гуфт, онҳо бо маҳкум кардани ин ҳамла наметавонанд, рафъи масъулият кунанд ва бояд барои сулҳ иқдомоти амалӣ анҷом диҳанд, то хунрезӣ ва ҷанг дар ин кишвар поён ёбад.

Ашраф Ғанӣ ҳамчунин бидуни ин ки аз кишваре ном бибарад афзуд, махфигоҳҳо, марокизи омӯзишӣ ва манобеи молии омилони инфиҷорҳо ва ҳамалоти террористӣ дар кишвари ҳамсоя қарор дорад ва Кобул аз ҷомеаи ҷаҳонӣ мехоҳад ҳомиёни терроризм дар минтақаро шиносоӣ кунад.

Асри сешанбеи гузашта бар асари инфиҷори террористӣ дар меҳмонхонаи “Уранус”-и Кобул ҳангоми баргузории ҳамоиши гиромидошти милоди Расул Акрам(с), 50 нафар кушта ва беш аз 83 нафари дигар захми шуданд.

Фард ё гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда нагирифтааст.