Ноябр 24, 2018 17:16 Asia/Dushanbe
  • Афғонистон дар маърази хатари шӯълавар шудани оташи ҷанги мазҳабӣ

Шумор куштаҳои инфиҷор дар вилояти Хост, дар ҷануби шарқи Афғонистон ба 26 нафар афзоиш ёфт.

Ин инфиҷор, ки зӯҳри рӯзи ҷумъа ҳангоми баргузории намоз дар масҷиди пойгоҳи артиши Афғонистон дар вилояти Хост рӯй дод, мӯҷиби маҷрӯҳ шудани 76 нафари дигар шуд, ки ҳоли бархе аз онон низ вахим гузориш шудааст. Бо дар назар гирифтани ҳамлаи ахири террористӣ ба маросими гиромидошти милоди Расули Акрам (с)дар меҳмонхонаи Урануси Кобул, ки ҳудуди 60 тан аз уламо ва ҳозирин кушта шуданд, метавон гуфт, ҷиҳатгириҳо ва аҳдофи ҳамалоти террористӣ дар Афғонистон аз ҷанги қавмӣ ба самти ҷанги мазҳабӣ ва фирқаӣ суқ ёфта, ки барои ояндаи субот ва амнияти ин кишвар бисёр хатарнок аст. Афғонистон агарчӣ дар чаҳор даҳаи ахир бо ҷангҳои дохилӣ ва ишғол рӯбарӯ будааст, аммо ҳеҷ гоҳ мардуми Афғонистон шоҳиди ҳамалоти фирқаӣ набуда, балки ҳамаи мазоҳиб дар канори ҳам зиндагии мусоламатомез дошта ва даргирҳо ва низоъҳо моҳияти қавмӣ доштаанд.

Иқболи Барзигар, коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд, “дар миёни мардуми Афғонистон ҳеҷгоҳ мабоҳиси фирқаӣ ва мазҳабӣ матраҳ набуда ва ҳеҷгоҳ ин масоил ба ташаннуҷ кашида нашудааст, бино бар ин ҳамалот ба маросими мазҳабӣ падидаи ҷадиде дар Афғонистон аст, ки ҳомиёни он, аҳдофи шумеро думбол мекунанд”. Ин бидон маъно аст, ки душманони мардуми Афғонистон, ваҳдати мазҳабӣ ва миллии ин кишварро нишона рафтаанд, то бо рӯ дар рӯ қарор додани пайравони мазоҳиби мухталиф ба ҷанги фирқаӣ ва мазҳабӣ дар Афғонистон доман бизананд. Сарфи назар аз инки чӣ гурӯҳ ва ё гурӯҳҳои террористӣ ин ҳамалотро созмондиҳӣ ва иҷро мекунанд, дар мавриди тадовуми инҳо чанд нукта қобили таваҷҷуҳ ва тааммул аст. Аввал инки ҳамалоти террористии мазҳабӣ дар маконҳое ҳамчун намози ҷумъа ва меҳмонхонаҳо сурат мегирад, ки таҳти тадобири амниятии шадид қарор доранд. Бино бар ин вуқӯи ин ҳамалот метавонад, тавоноии артиш ва пулиси миллии Афғонистонро дар ҷилавгирӣ аз онҳо зери савол бибарад. Ин эҳтимол, ки афроди нуфузӣ дар ҳамоҳангӣ бо ин ҳамалот қарор доранд наметавонад дӯр аз зеҳн бошад. Дуввум он ки бо идомаи ҷанги Толибон дар Афғонстон хушунатҳои хунин дар ин кишвар низ афзоиш ёфтааст. Иншиобҳои мухталиф дар ин гурӯҳ ва мухолифати ҷараёнҳои тундрави он бо пайвастани Толибон ба раванди сулҳи Афғонистон, ҳамвора боис шуда то бо доғ шудани ин раванд, ҳамалоти террористӣ низ дар ин кишвар шиддат ёбад. Сеюм ин ки тадовуми ҳамалоти Толибон дар Афғонистон боис шудааст, то гурӯҳҳои террористӣ ҳамчун ДИИШ низ дар Афғонистон фаъолияти худро шиддат бахшанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки бистари бисёре аз гурӯҳҳои фирқагаро ва террористӣ дар Афғонистон ва Покистон гурӯҳи золаи ваҳобият аст, бино бар ин метавон пешбинӣ кард, гурӯҳҳои фирқагаро ва террористӣ фаъолияти худро дар Афғонистон афзоиш диҳанд.

Siegfried Reginald Wolf, коршиноси ҷануби Осиё дар Донишгоҳи Гейделберг мегӯяд, “ҳамалоти мазҳабӣ талоше аст барои тазъифи ҳукумат ва дастгоҳҳои амниятии Афғонистон то аз тариқи нотавон ҷилва додани он дар муҳофизат аз мардум, ҳузури бегонагонро тақвият намоянд. Ҳукумат дар Кобул дар ҳоли ҳозир бо шикофҳои дохилӣ миёни раисиҷумҳур Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроӣ бар сари тақсими қудрат рӯбарӯ аст, ки ба ноамниҳои дохилӣ доман мезанад.”

Дар ҳар ҳол, ба назар мерасад дар канори доман задан ба фирқагароӣ ва ҷанги мазҳабӣ дар Афғонистон ба чолиш кашидани тавон ва қудрати нирӯҳои амниятии Афғонистон низ аз дигар аҳдофи террористҳо ва фирқагароён аст, то нишон диҳанд ин кишвар ҳамчунон ниёзманди идомаи ҳузури нирӯҳои хориҷӣ аст. Гурӯҳҳои террористӣ, ки аз идомаи буҳрон дар Афғонистон аҳдофи худро пайгирӣ мекунанд, бидуни тардид бо ҳимояти ҳомиёнашон ба нооромӣ ва хушунат дар Афғонистон доман хоҳанд зад, ки дар ин миён, масъулияти артиш ва пулиси миллии Афғонистон барои поён додан ба он бисёр сангин аст ва мардуми Афғонистон интизор доранд гурӯҳи Толибон низ бо мутаваққиф кардани ҳамалоти худ, дар ин раванд ба давлати Кобул кумак намояд.

 

Барчасп