Паёми раисиҷумҳури Русия ба муносибати Иди Қурбон
(last modified Mon, 12 Sep 2016 14:56:12 GMT )
Сентябр 12, 2016 19:56 Asia/Dushanbe
  • Паёми раисиҷумҳури Русия ба муносибати Иди Қурбон

Раисиҷумҳури Русия дар паёми худ ба муносибати Иди Қурбон эълом кард, ин ид нақши муҳимме дар ҳаёти уммати исломӣ дорад.

Владимир Путин рӯз душанбе дар паёми худ ба муносибати фирорасидани Иди Қурбон гуфт, муносибати Қурбон дар тули таърих нақши муҳимме дар ҳаёти уммати ҷаҳони ислом дошта ва аз арзиши зиёде бархӯрдор аст.

Раиси ҷумҳури Русия дар идома афзуд, Иди Қурбон нишонаи ҳамёрӣ байни мусулмонон ва эҳтиром ба таърихи куҳан ва суннатҳо аст.

Путин таъкид кард, ки мардум суннатҳои диниро арҷ мениҳанд ва бо эҳтиром ба таърих ва сунан, ӯҳдаои ниёгоншонро ба дигарон омӯзиш медиҳанд.

Ба гуфтаи раисиҷумҳури Русия, гуфтугӯе байни мазоҳиб, ақвом ва талош барои тарбияти хуби ҷавонон, бахше аз фаъолиятҳои ҷомеаи исломӣ дар Русия аст, ки арзиши зиёде дорад.

Ҷомеаи исломии Русия шомили ҳудуди 25 миллион нафар, бештар дар манотиқ ва ҷумҳуриҳои қафқозӣ ва Волга ва ҳамчунин маркази ин кишвар шомили шаҳрҳои Масква ва Санкт-Петербург иқомат доранд ва бо бархӯрдорӣ аз ваҳдат ва ҳамгароӣ, маросим ва оинҳои динии худро дар ҳудуди ҳафт ҳазор масҷид ва маркази ибодӣ баргузор мекунанд.