Ибрози нигаронии созмонҳои мудофеи зиндониёни сиёсӣ аз шароити маҳбусини диндор дар ҷумҳурии Озарбойҷон
(last modified 2019-01-09T16:02:35+00:00 )
Январ 09, 2019 21:02 Asia/Dushanbe
  • Ибрози нигаронии созмонҳои мудофеи зиндониёни сиёсӣ аз шароити маҳбусини диндор дар ҷумҳурии Озарбойҷон

Се созмони мудофеи зиндониёни сиёсӣ бо интишори баёнияи муштараки дар бораи ташдиди саркуби ақшори диндор дар ҷумҳурии Озарбойҷон ибрози нигаронӣ карданд.  

Дар баёнияи муштараки Иттиҳодияи озодии зиндониёни сиёсӣ, Иттиҳодияи равшанфикрони Озарбойҷон ва Кумитаи дифоъ аз зиндониёни исломгаро таъкид шудааст: Дар барҳаҳои ахир анвои беадолатӣ ва саркуби қишри диндор дар Озарбойҷон аз тамоми ҳадду марзҳо фаротар рафтааст.

Баёнияи муштараки се созмони мудофеи зиндониёни сиёсӣ дар бораи саркуби диндорон ва муъминини Озарбойҷон нишон медиҳад, ки ба рағми эътирозҳои дохилӣ, минтақаӣ ва байналмилалӣ, давлати Баку на танҳо аз мизони фишорҳо алайҳи муъминини Озарбойҷон накоста, балки бар саркуби муъминини озарӣ афзудааст.

Дар воқеъ давлати Илҳом Алиев талош мекунад, ин мавзеи ғайриусулии худро ба мардуми мусулмони Озарбойҷон таҳмил кунад.

Аз замони рӯи кор омадани Илҳом Алиев дар 2003, фишорҳо бар ақшори диндори Озарбойҷон ба таври бесобиқае ташдид шудааст.

Профессор Ҷамил Ҳасанлӣ, раиси эътилофи Шӯрои миллии Озарбойҷон дар иртибот бо боздошти доктор Муҳсин Самадов, раҳбари ҳизби ислом гуфтааст: “Нуктаи муҳим, нақзи ҳуқуқи раҳбари маҳбуси ҳизби ислом аст. Эшон ба хотири фаъолиятҳои сиёсиаш ҳабс шудааст.

Илдар Намазов, раиси ҷунбиши Эл низ гуфтааст: “Дар Озарбойҷон борҳо чунин ноадолатиҳое дар хусуси касоне, ки ба хотири нигариши сиёсии худ ҳабс шудаанд , рӯй додааст. Доктор Муҳсин Самадов низ аз ҷумлаи касоне аст, ки ба хотири фаъолиятҳои сиёсии худ таҳти таъқиб ва фишор қарор гирифтааст. Мутаассифона чунин ашхосеро ба селули инфиродӣ мунтақил карда ва мавриди шиканҷа қарор медиҳанд”.

Вокунишҳои тунди раҳбарони ташаккулҳои мудофеи зиндониёни сиёсӣ, нишон медиҳад, ки ҷомеаи Озарбойҷон ҳамчунон ба сиёсатҳои давлати Илҳом Алиев муътариз аст.