Таъкиди Эрдуғон бар авоқиби сангини ҳимоят аз ДИИШ барои кишварҳои ҳомии терроризм
(last modified 2019-01-13T12:26:37+00:00 )
Январ 13, 2019 17:26 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эрдуғон бар авоқиби сангини ҳимоят аз ДИИШ барои кишварҳои ҳомии терроризм

Раисҷумҳури Туркия гуфт, гурӯҳи террористии ДИИШ, Ҳизби коргарони Курдистони Туркия (ПКК) ва гурӯҳи Гулен дар ниҳоят барои ҳомиёнашон мушкилсоз хоҳанд шуд.  

Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар маросими муаррифии номзадҳои интихоботи шаҳрдориҳои шаҳрҳои устони Куҷаели дар шимоли ғарби Туркия таъкид кард, гурӯҳҳои террористӣ ҳамонанди ДИИШ равишҳое шабеҳи мафия аз ҷумла тиҷорати маводи мухаддир, қочоқи инсонро истифода мекунанд ва ба кобусе барои кишварҳое табдил хоҳанд шуд, ки аз онҳо ҳимоят мекарданд.

Вай ҳамчунин бо ишора ба шароити имрӯзи ҳоким бар гурӯҳҳои террористӣ дар минтақа тасреҳ кард: Ин рӯзҳо рӯзҳои хуби онҳост ва созмонҳои террористӣ, ки имрӯз тағзия мешаванд ва таслиҳотеро дарёфт мекунанд, дар ниҳоят дучори мушкил хоҳанд шуд.

Изҳороти вай дар ҳолест, ки сайти шветсияии Nordic Monitor рӯзи ҷумъа бо интишори асноди маҳрамонае, аз нақши созмони иттилооти Туркия (МИТ) дар интиқоли шумори зиёде аз террористҳои такфирӣ ба хоки Сурия дар 2014 парда бардошт.

 

Барчасп