Дидабони ҳуқуқи башар: Бетаваҷҷӯҳии Амрико ба талафоти ғайринизомиён хашми мардуми Афғонистонро барангехтааст
(last modified Fri, 15 Feb 2019 14:47:18 GMT )
Феврал 15, 2019 19:47 Asia/Dushanbe
  • Дидабони ҳуқуқи башар: Бетаваҷҷӯҳии Амрико ба талафоти ғайринизомиён хашми мардуми Афғонистонро барангехтааст

Созмони байналмилалии Дидабони ҳуқуқи башар эълом кард, ки бетаваҷҷӯҳии неруҳои амрикоӣ ба талафоти ғайринизомиён дар Афғонистон нақзи қавонини ҷангӣ маҳсуб шуда ва хашми мардум нисбат ба Амрикоро афзоиш додааст.

Патришиё Госман пажӯҳишгари Дидабони ҳуқуқи башар дар Афғонистон тасреҳ кард, ки нируҳои амрикоӣ ва афғон бояд талафоти ғайринизомён бар асари ҳамлаҳои ҳавоиро баррасӣ кунанд.

Вай тасреҳ кард, ки бетаваҷҷӯҳӣ ба омори талафоти ғайринизомиён аз сӯи неруҳои амрикоӣ нақзи қавонини ҷангӣ талаққӣ шуда ва хашми мардуми Афғонистонро аз Амрико афзоиш медиҳад.

Созмони байналмилалии Дидабони ҳуқуқи башар давлати Афғонистонро низ ба бетаваҷҷӯҳӣ ба талафоти ғайринизомиён дар ҳамлаҳои ҳавоии неруҳои хориҷӣ ва афғон муттаҳам кардааст.

Дар гузориши ин созмон омадааст, ки давлати Афғонистон барои баррасии талафоти ғайринизомиён иқдоме накарда ва танҳо ба ибрози таассуф басанда мекунад.

Госман хотирнишон кард, барои ин ки талафоти ғайринизомиён дар Афғонистон коҳиш ёбад, омилони куштори ғайринизомиён дар неруҳои амниятии афғон ва неруҳои амрикоӣ бояд мавриди бозҷӯӣ қарор гиранд.

Ин дар ҳоле аст, ки дар як соли охир ҳамлаҳои ҳавоии неруҳои амрикоӣ ва амалиётҳои шабонаи неруҳои вобаста ба созмон CIA дар Афғонистон ба сурати бесобиқа афзоиш ёфтааст.