Феврал 23, 2019 18:43 Asia/Dushanbe
  • Барфу тарма дар Афғонистон бо панҷ кушта

Бориши шадиди барф ва резиши тарма дар шимолу ғарби Афғонистон панҷ кушта бар ҷой гузошт.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”, раиси Идораи мубориза бо ҳаводиси табии вилояти Фароҳи Афғонистон имрӯз эълом кард, се нафар аз ҷумла ду кӯдак ба иллати барфи сангин дар шаҳристони Парачаман, ҷон супурданд ва ду нафари дигар масдум шуданд.

Ҳамчунин мақомоти маҳаллии вилояти Дойкандӣ аз ҷон бохтани ду навҷавон бар асари резиши тарма дар шаҳристони Миромури ин вилоят хабар доданд.

Аз ибтидои замистони имсол шумори талафоти барф, резиши тарма ва селоб дар Афғонистон ба ҳафтод нафар расидааст.

Бориши барфу борон дар замистони имсол дар Афғонистон дар муқоиса бо соли гузашта, 150 дарсад афзоиш ёфтааст.

 

Барчасп