Март 09, 2019 15:05 Asia/Dushanbe
  • Шикасти музокироти гурӯҳи Толибон ва Амрико дар Доҳаи Қатар

Манобеи наздик ба гурӯҳи Толибон аз шикасти музокироти ҷадиди намояндагони ин гурӯҳ бо намояндагони Амрико дар Доҳаи Қатар хабар доданд.

Ба гузориши Тасним, манобеи наздик ба Толибон рӯзи ҷумъа эълом карданд, даври панҷуми музокироти ин гурӯҳ бо Амрико дар Қатар то кунун пешрафте надошта ва эҳтимолан музокироти ду тараф ба даври шашум низ кашида хоҳад шуд.

Гурӯҳи Толибон хуруҷи фаврии низомиёни хориҷӣ, азҷумла амрикоиҳоро аз Афғонистон хостор аст, аммо Амрико бо ин мавзуъ мухолиф аст.

Рӯзномаи «Вашингтон Таймс» дар ин замина навишт: “Амрико ба гурӯҳи Толибон пешниҳод додааст, ки дар як бозаи замонии панҷсола нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кунад, аммо Толибон аз Амрико хостааст то дар зарфи як сол бояд нерӯҳои худро хориҷ кунад”.

 

 

Барчасп