Март 09, 2019 18:07 Asia/Dushanbe
  • Бонуи 116 солаи ҷопонӣ пиртарин инсони ҷаҳон

Номи Кан Танака, бонуи 116 солаи ҷопонӣ рӯзи шанбе ба унвони пиртарин шахси ҷаҳон дар рекордҳои Гинес ба сабт расид.

Ба гузориши ИРНА, дар маросиме, ки имрӯз аз сӯи китобт рекордҳои Гинес дар маҳалли иқомати ин бонуи 116 солаи ҷопонӣ дар хонаи солмандони Фукуокаи Ҷопон баргузор шуд, номи Танака ба таври расмӣ дар феҳристи рекордҳо ба сабт расид.

Танако, зодаи 2 январи 1903 ва ҳафтумин фарзанд аз ҳашт фарзанди падар ва модараш аст.

Ӯ дар соли 1922 издивоҷ карда, ки натиҷаи ин издивоҷ, 4 фарзанд будааст.

Танака маъмулан соати 6 субҳ фаъолияти рӯзонаашро шурӯъ мекунад ва аз мутолиаи риёзӣ лаззат мебарад. Чи Мияко, ки пеш аз Танака пиртарин инсони дунё буд, дар июли гузашта дар синни 117 солагӣ даргузашт.

Моҳӣ, биринҷ, сабзӣ ва маводи ғизоии камчарб, ғизои аслии ҷопониҳост ва бисёре рози тӯли умри Танакаро ба тағзияи ӯ муртабит медонанд.

 

Барчасп