Даъвати Путин аз мардуми Русия барои ширкат дар интихоботи ДУМА
Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия аз раъйдиҳандагони рус хост, дар интихоботи ДУМА, ки қарор аст 18-уми ин моҳ баргузор шавад, ширкат кунанд.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии бурунмарзии Садо ва Симо, Путин ҳузур дар пойи сандуқҳои раъйро барои ҳамаи шаҳрвандони рус зарурӣ донист ва гуфт, таблиғоти интихоботӣ дар ҳоли поён ёфтан аст ва шароити баробар барои тазмини рақобати шаффоф ва одилона фароҳам шудааст.
Раиси ҷумҳурии Русия таъкид кард: "Раъй додан дар интихобот барои ҳамаи мо сарфи назар аз мавозеи сиёсӣ як воҷиби миллӣ ва баёнгари эҳсосоти содиқонаи шаҳрвандон дар баробари кишварашон аст".
Русия, ки бо беш аз 17 миллион километри мураббаъ масоҳат бузургтарин кишвари ҷаҳон ба шумор меравад, рӯзи якшанбе раъйгирии интихоботи маҷлиси ДУМА-ро баргузор мекунад.
Дар ин интихобот 14 ҳизб, ки тавонистаанд пешшарти илзомии имзои 200 ҳазор ҳомиро ироа кунанд ва ҳамчунин номзадҳои мустақил рақобат мекунанд.
Ҳадди ақалли син барои ширкат дар ин интихобот 18 сол аст.
Бар асоси омори эъломшуда, беш аз 109 миллион нафар аз ҷамъияти 146,5 миллионии Русия аз шароити раъй додан бархурдоранд.