Чин 29 ҳазор нақшаро нобуд кард
(last modified Wed, 27 Mar 2019 08:06:56 GMT )
Март 27, 2019 13:06 Asia/Dushanbe
  • Чин 29 ҳазор нақшаро нобуд кард

Вазорати манобеи табиии Чин аз нобудии 29 ҳазор нақшаи ҷуғрофиёӣ, ки дар онҳо иёлати Аруначал Прадеш ба унвони бахше аз хоки Ҳинд нишон дода шудааст, нобуд кард.

Ба гузориши ИРНА, Вазорати манобеи табиии Чин дар баёнияе эълом кард, ин бузургтарин тахриби нақшаҳои иштибоҳ дар чанд соли ахир аст, пеш аз ин 10 ҳазор нақшаи иштибоҳ тавассути мақомот кашфу мусодира шуда буд.

Ихтилофот бар сари манотиқи марзии кӯҳистонии Ҳинд ва Чин, ки дар соли 1962 сабаби оғози ҷанг миёни ду кишвар шуд, ҳамчунон як масъалаи ҳассос миёни Деҳлии Нав ва Пекин аст.

Чин иёлати Аруначал Прадешро ба унвони Таббат (Тибет)- и Ҷанубӣ медонад ва онро бахше аз хоки худ эълом кардааст.

Ин дар ҳолест, ки Ҳинд минтақаи Туенг, дар иёлати Аруначал Прадешро бахши ҷудоинопазири ин иёлат ва дар натиҷа бахше аз хоки худ медонад.

Деҳлии Нав ва Пекин аз соли 2003 мелодӣ то кунун 19 бор бо якдигар дар хусуси ихтилофоти марзӣ гуфтугӯ кардаанд, аммо ин музокирот натиҷае надоштааст.