Кӯдакон – қурбониёни аслии инфиҷори мина дар Афғонистон
Мақомоти афғон эълом карданд, ки дар соли гузашта беш аз 1400 нафар дар ин кишвар қурбонии инфиҷори мина, бомбҳои дастсоз ва дигар маводи инфиҷорӣ шуданд, ки бештари қурбониён кӯдакон ҳастанд.
Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Шафиқ Юсуфӣ, раиси Идораи инсиҷом ва ҳамоҳангии поксозии мина дар Афғонистон гуфт, аз ҳазору 400 қурбонии инфиҷори мина ва бомбҳои дастсоз дар Афғонистон дар соли 2018 58 дарсадро кӯдакон ва 10 дарсади дигарро низ занон ташкил медиҳанд. Юсуфӣ афзуд, барои поксозии майдонҳои мина дар Афғонистон солона ба буҷаи 60 то 70-миллиондолларӣ ниёз аст, аммо дар гузашта танҳо ҳудуди ниме аз буҷаи мавриди ниёз дар ихтиёри ин идора қарор гирифтааст.
Наҷиб Оқо Фаҳим, вазири давлати Афғонистон дар умури расидагӣ ба ҳаводис низ гуфтааст, ки моҳона ба таври мутавассит ҳудуди 120 нафар дар Афғонистон бар асари инфиҷори мина ва боқимондаи маводи мунфаҷира ҷони худро аз даст медиҳанд ё дучори маълулият мешаванд.