Идомаи даргириҳои марзӣ байни Ҳинд ва Покистон
Даргирии марзии Покистон ва Ҳинд аз имрӯз дубора оғоз шудааст ва дутараф якдигарро ба нақзи оташбас маҳкум кардаанд.
Ба гузориши хабаргузории Тасним, вазорати дифои Ҳинд дар баёнияе эълом кард, нерӯҳои ҳиндӣ ва Ппокистонӣ дар минтақаи Пунчи иёлати Ҷому ва Кашмир бо истифода аз силоҳҳои сабук ва сангин табодули оташ карданд.
Сухангӯи вазорати дифои Ҳинд афзуд: Дар соатҳои поёнии рӯзи ҷумъа нерӯҳои покистонӣ бо хумпора ва силоҳҳои сабук бидуни далел ба сӯи мавозеи нерӯҳои ҳиндӣ шиллик карданд, ки ин иқдоми Покистон бо вокуниши нерӯҳои ҳиндӣ рӯбарӯ шуд.
Ба гуфтаи вай, бар асари оташбории нерӯҳои покистонӣ се нафар маҷрӯҳ шуданд.
Ин дар ҳоле аст, ки низомиёни покистонӣ муддаӣ ҳастанд, ки нерӯҳои марзии Ҳинд бо силоҳи сангин рустоҳои марзии ин кишварро, ҳадаф қарор медиҳанд ва онҳо чорае ҷуз амалиёти талофиҷӯёна надоранд.
Аз соли 1947 ва пас аз истиқлоли Ҳинд ва Покистон аз истеъмори Англия, токунун 3 ҷанг дар солҳои (1947, 1965 ва 1971) миёни ду кишвар бар сари масъалаи Кашмир рух додааст ва беш аз 70 ҳазор нафар дар ин даргириҳо кушта шудаанд.