Дар пайи ҳашт инфиҷор дар маросими иди Пок; беш аз 500 кушта ва захмӣ дар инфиҷорҳои Шри-Ланка
(last modified 2019-04-21T13:57:16+00:00 )
Апрел 21, 2019 18:57 Asia/Dushanbe
  • Дар пайи ҳашт инфиҷор дар маросими иди Пок; беш аз 500 кушта ва захмӣ дар инфиҷорҳои Шри-Ланка

Дар инфиҷорҳо дар калисоҳо ва меҳмонхонаҳо дар Коломбо - пойтахти Шри-Ланка ва ду шаҳри дигари ин ҷазираи сайёҳии ҷануби Осиё беш аз 162 нафар кушта ва наздик ба 360 нафар захмӣ шудаанд.

Хабаргузории Фаронса аз Коломбо дар пайи мавҷи ҳамлаҳое, ки рӯзи якшанбе Шри-Ланкаро ҳадаф қарор дод, Вазорати дифои ин кишвар рӯзи якшанбе аз барқарории муқаррароти манъи омаду рафт ба муддати 12 соат, аз соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ хабар дод.

Ин манбаъ эълом кард ин ҳукумати низомӣ то соати шаши бомдод ба вақти маҳаллии рӯзи душанбе барқарор хоҳад буд. Бар асоси омори аввалия, дар пайи инфиҷор, ки меҳмонхонаҳо ва килисоҳо дар он ҳадаф қарор гирифтанд, дастикам 162 нафар кушта ва 360 нафар захмӣ шуданд.

Пулиси Шри-Ланка рӯзи якшанбе эълом кард дар инфиҷори нав дар як меҳмонхона дар Коломбо - пойтахти ин кишвар дастикам ду нафар кушта шуданд.

Пулиси Шри-Ланка эълом кард дар ҳаштумин инфиҷор як омили интиҳорӣ се маъмури пулисро кушат.

Давлати Шри-Ланка дар пайи вуқӯи чанд инфиҷор дар пойтахти ин кишвар ҳукумати низомӣ эълон кард.

 

 

Барчасп