Асошитед-Пресс: Вашингтон боз ҳам муофияти хариди нафти Эронро баррасӣ мекунад
Асошитед-Пресс аз ақибнишинии дигари давлати Амрико бо ҳадафи баррасии судури муофиятҳои тоза барои харидорони нафти Эрон хабар дод.
Ин хабаргузории амрикоӣ гузориш дод, мақомҳо ва мушовирони Конгираи Амрико, ки нахостанд номашон фош шавад, гуфтанд: яке аз сенарияҳои дар ҳоли баррасии давлати Амрико ин аст, ки ба харидорони нафти Эрон иҷоза дода шавад, то пеш аз дуввуми моҳи май сифориши маҳмулаҳои таҳвил дар ояндаро сабт ва пули онро пардохт кунанд.
Ин мақомҳо афзуданд, давлати Амрико пас аз ин марҳила, барои ҳамлу нақл ва полоиши нафти Эрон муофият содир хоҳад кард.
Асошидет-Пресс навишт, Вазорати умури хориҷаи Амрико аз изҳори назар дар бораи эҳтимоли ин ки бархе кишварҳо воридоти нафти Эронро бидуни таҳрим идома диҳанд, худдорӣ мекунад.
Давлати Амрико рӯзи душанбе дар остонаи нахустин соли хуруҷи ғайриқонунии ин кишвар аз БАРҶОМ эълом кард Вашингтон аз дуввуми моҳи майи 2019 муофияти харидорони нафти Эронро тамдид нахоҳад кард.
Давлати Амрико дар соли 2018 низ эълом карда буд, ки содироти нафти Эронро ба сифр мерасонад, аммо дар иҷрои ин сиёсат шикаст хурд ва маҷбур шуд Чин, Ҳинд, Жопон, Кореяи ҷанубӣ, Туркия, Италия, Юнон ва низ Тайванро аз таҳримҳои нафтии Эрон муоф кунад.