Ашраф Ғанӣ: Намегузорем фароянди сулҳ дасти ғайриафғон биафтад
https://parstoday.ir/tg/news/world-i43400-Ашраф_Ғанӣ_Намегузорем_фароянди_сулҳ_дасти_ғайриафғон_биафтад
Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон дар ойини ифтитоҳи Луи Ҷиргаи машваратии сулҳ гуфт, ки пас аз таъйини хатти машйи музокира ва сулҳ бо гурӯҳи Толибон, аз тамоми имконот ва зарфиятҳои давлатӣ барои пайгирии он истифода мешавад ва иҷоза намедиҳад фароянди сулҳ дар мадори ғайр аз афғонҳо бачархад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 29, 2019 13:07 Asia/Dushanbe
  • Ашраф Ғанӣ: Намегузорем фароянди сулҳ дасти ғайриафғон биафтад

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон дар ойини ифтитоҳи Луи Ҷиргаи машваратии сулҳ гуфт, ки пас аз таъйини хатти машйи музокира ва сулҳ бо гурӯҳи Толибон, аз тамоми имконот ва зарфиятҳои давлатӣ барои пайгирии он истифода мешавад ва иҷоза намедиҳад фароянди сулҳ дар мадори ғайр аз афғонҳо бачархад.

Ба гузориши ИРНА, дар ин ойин, ки рӯзи душанбе дар Кобул, пойтахти Афғонистон баргузор шуд, Ашраф Ғанӣ гуфт: “Ман Толибонро ба исломият ва афғон буданаш ирҷоъ медиҳам, ки агар ҳарфи бегона дар байн нест, аз музокира бо миллат ва давлати Афғонистон бок надошта бошад”.

Раисҷумҳури Афғонистон изҳор дошт: “Он ки Толибонро ба унвони абзори роҳбурдии худ дар қабза гирифтааст кист? Мо ҳозирем кумакашон кунем то аз ин асорат озод шаванд”.

Ашраф Ғанӣ афзуд, кучактарин дастоварди Луи Ҷирга ин хоҳад буд, ки се ҳазор афғон аз чаҳор гӯшаи мамлакат бо ҳам ошно мешаванд ва ин барои таҳкими пояҳои давлат ва миллат бисёр муҳим аст.

Раисҷумҳури Афғонистон таъкид кард: “Мо ба дунболи тавофуқи заиф бо Толибон нестем, мехоҳем сулҳ ба қадре мустаҳкам бошад, ки дунё ба он бовар кунад ва сабаби сармоягузории бештар барои рафъи фақр дар Афғонистон шавад”.

Дар ин ойин раисҷумҳури Афғонистон Абдурраб Расул Сайёфро ба унвони раиси Луи Ҷиргаи машваратӣ муаррифӣ кард.

Ҳудуди се ҳазору 200 нафар аз намояндагони саросари Афғонистон имрӯз дар Кобул гирдиҳам омаданд то зери сақфи маҷлиси машваратии бузургон, ки Луи Ҷирга хонда мешавад, чорчӯби музокироти давлат бо Толибонро таҳия кунанд.

Бархе аз гурӯҳҳо ва аҳзобу шахсиятҳои сиёсӣ ба ҳамроҳи шуморе аз номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии ояндаи Афғонистон ин нишастро таҳрим кардаанд.