Раҳбари Ҷабҳаи миллии Фаронса: Ҳеҷ далеле барои душманӣ бо Русия вуҷуд надорад
(last modified Sun, 19 May 2019 12:37:47 GMT )
Май 19, 2019 17:37 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари Ҷабҳаи миллии Фаронса: Ҳеҷ далеле барои душманӣ бо Русия вуҷуд надорад

Марин Ле Пен, раҳбари Ҷабҳаи миллии Фаронса дар мусоҳибае таъкид кард: Ба назари ман Аврупо ҳеҷ далеле барои душманӣ ва хусумат бо Русия надорад ва оддисозии равобит байни кишварҳои аврупоӣ ва Русия ба нафъи ду тараф хоҳад буд.

Вай дар идома афзуд: Мо аврупоиҳо ҳеҷ далеле барои  душманӣ ва хусумат бо Русия надорем. Умедворем равобити кишварҳои аврупоӣ ва Русия оддӣ шавад, чаро ки ин иқдом бешак ба нафъи кишварҳои аврупоӣ ва Русия аст.

Ле Пен борҳо хостори ҳифзи равобити мусолиматомези Аврупо бо Русия шуда ва аз таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Маскав ба шиддат интиқод кард.

Вай бар ин бовар аст, ки Иттиҳодияи Аврупо дар ҳоли ба роҳ андохтани ҷанги сард алайҳи Русия аст.

 

Барчасп