Май 21, 2019 17:53 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии ҳашт гурӯҳи террористӣ дар ИДМ

Раиси Созмони амнияти федералии Русия дар нишасти руасои созмонҳои амниятии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Душанбе аз афзоиши фаъолиятҳои террористӣ ибрози нигаронӣ кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Александр Бортников, раиси Созмони амнияти федералии Русия гуфт, ҳамкориҳои мутақобили созмонҳои амниятии кишварҳои узви ИДМ дар гузашта мунҷар ба шиносоии 8 гурӯҳи террористӣ ва дастгирии беш аз 100 узви ин гурӯҳҳо шудааст. Бортников афзуд, дар натиҷаи ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон, Қирғизистон ва Узбакистон 8 гурӯҳи террористӣ, аз ҷумла ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ дар кишварҳои узви ҷомеаи ҳамсуд шиносоӣ ва аз фаъолияти онҳо ҷилавгирӣ шудааст. Вай гуфт, илова бар ин бо ҳамкории Кумитаи амнияти миллии Беларус аз фаъолияти намояндагони ДИИШ дар интернет ҷилавгирӣ шудааст. Ин мақоми рус гуфт, Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон 4 шаҳрванди Узбакистон, 11 шаҳрванди Тоҷикистон ва 3 шаҳрванди Қирғизистонро ба иттиҳоми даст доштан дар иқдомоти террористӣ ва ифротгароӣ боздошт карда, ба созмонҳои амниятии ҳамкор дар ин кишварҳо таҳвил додааст.

Бортников бо ҳушдор дар бораи тавсеаи фаъолиятҳои гурӯҳҳои террористӣ дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон гуфт, шохаи маҳаллии вобаста ба гурӯҳи террористии ДИИШ ба номи шохаи "Вилояти Хуросон" ҳудуди 5 ҳазор нерӯро дар вилоёти шимоли Афғонистон ва марз бо кишварҳои Осиёи Марказӣ мустақар кардааст, ки бештари ин афрод қаблан дар Сурия ҷангидаанд. Раиси Созмони амнияти федералии Русия афзуд, гурӯҳҳои ҷиҳодӣ мутаҳаммили шикасти сангине дар Сурия ва Ироқ шудаанд, аммо ҳанӯз ҳам як хатар ба ҳисоб меоянд, зеро саъй мекунанд, дар манотиқе, ки таҳти контроли давлати Сурия нест, таҷдиди нерӯ карда ва ё дар урдӯгоҳҳои паноҳҷӯён махфӣ шаванд. Вай гуфт, раванди ҳушдордиҳандаи дигар ин аст, ки гурӯҳҳои террористӣ нерӯҳои худро дар дигар нуқоти ҷаҳон мустақар кардаанд ва бо вуҷуди шикастҳои низомӣ, дар ҳоли ҷамъоварии манобеии молии хориҷии густурда барои тадоруки ҳамалоте дар саросари ҷаҳон ҳастанд ва ба таври хос аз хадамоти пардохти онлайнӣ истифода ва аз тариқи тиҷорати ғайриқонунии нафт, қочоқи инсон ва дигар фаъолиятҳои ҷинояткорона даромад касб мекунанд.

 

Барчасп