Июн 16, 2019 16:59 Asia/Dushanbe
  • Фиребкорона донистани рӯйкарди Амрико дар баробари Эрон аз сӯи Кореяи Шимолӣ

Хабаргузории расмии Кореяи Шимолӣ рӯйкарди Амрико дар баробари Эронро фиребкорона хонд.

Хабаргузории расмии Кореяи Шимолӣ бо ишора ба ин ки танҳо як ҳафта пас аз пешниҳоди гуфтугӯ бо Эрон аз сӯи Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, Вашингтон таҳримҳои ҷадидеро алайҳи як ширкати эронӣ эъмол кард, рӯйкарди Кохи Сафедро нисбат ба Эрон фиребкорона ва ба дур аз садоқат тавсиф кард.

Хабаргузории расмии Кореяи Шимолӣ ҳамчунин ба нақл аз сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон эълом кард, ин пешниҳоди гуфтугӯ воқеӣ нест ва калиди азсаргирии гуфтугӯҳо тағйири рӯйкарди Амрикост.

Вазорати хазонадории Амрико ахиран дар баёнияе эълом кард, 39 ширкати муртабит бо бахши петрошимии Эронро дар феҳрист таҳримҳои худ қарор додааст.

 

Барчасп