Шумори қурбониёни сел дар Русия ба 12 нафар расид
Муовини нахуствазири Русия эълом кард, шумори қурбониёни сел дар вилояти Иркутски минтақаи Сибир ба 12 нафар афзоиш ёфт.
Ба гузориши шабакаи телевизионии “Русия 24”, Виталий Мутко, муовини нахуствазири Русия ва раиси Комиссияи рафъи паёмадҳои сел гуфт, то кунун 12 тан бар асари сел дар Иркутск ҷони худро аз даст дода ва 9 нафар ҳам мафқуд шудаанд. Ба гуфтаи муовини нахуствазири Русия, бар асари ин ҳодиса 751 нафар осеб дидаанд, ки 153 нафари онон дар бемористон бистарӣ ҳастанд.
Сел дар вилояти Иркутск аз чаҳор рӯзи пеш оғоз ва печидатарин вазъ дар шаҳри Тулун гузориш шуда, зеро сатҳи оби рӯдхонаи Ия ҳафт метр боло омадааст. То кунун 83 бахш ва русто дар манотиқи мухталифи Иркутск бар асари сел осеб дида ва ҳудуди 33 ҳазор нафар аз манотиқи селзада тахлия шудаанд. Ҳамчунин се ҳазору 295 хона дар 55 русто зери об рафта, ё дучори обгирифтагӣ шудааст.