Июл 25, 2019 16:46 Asia/Dushanbe
  • Раисиҷумҳури Тунис даргузашт

Дафтари раёсатҷумҳурии Тунис аз даргузашти раисиҷумҳури ин кишвар дар бемористони низомии Тунис хабар дод.

Ба гузориши Русия ал Явм, Ал-Боҷӣ Қоид ас-Сибси, раисиҷумҳури 93 солаи Тунис, пас аз интиқоли ба бемористони низомии Тунис дар пайи вахомати авзои ҷисмониаш даргузашт.

Расонаҳои тунсӣ пештар ба нақл аз манобеи огоҳ аз интиқоли муҷаддади раисиҷумҳури ин кишвар ба бемористони низомӣ ба хотири вахомати авзои ҷисмонии вай хабар доданд.

Муҳаммад Ал-Боҷӣ Қоид ас-Сибси, ҳуқуқдон, сиёсатмадор ва раисиҷумҳури Тунис буд. Вай аз соли 1981 то 1986 вазири умури хориҷаи Тунис ва аз 27 феврали 2011 то 24 декабри 2011 мутасаддии мақоми нахуствазирии ин кишвар буд. Ў поягузори ҳизби сиёсии «Ҳаркат ун Нидои Тунис» буд ва дар интихоботи раёсатҷумҳурии Тунис дар соли 2014, ки нахустин ҳамапурсӣ пас аз инқилоби Тунис (2010–2011) буд, ба унвони раисиҷумҳури ин кишвар интихоб шуд.

 

Барчасп