Интиқоди Кашмириҳо аз Иморот барои эътои нишони ифтихорӣ ба Мудӣ
Мухолифони кашмирии давлати Ҳинд,эътои олитарин нишони ифтихории ғайри низомии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба нахуствазири Ҳиндро маҳкум карда ва онро мояи шармсории уммати ислом номиданд.
Ба нақл аз хабаргузории Форс, гурӯҳҳои мухолифони давлати Ҳинд дар Кашмир, зимни эътироз ба эътои болотарин нишони ифтихори ғайри низомӣ ба Нарнадро Мудӣ нахуствазири Ҳинд ба дастури Бин Зоид валиаҳди Абузабӣ эълом карданд чунин иқдоме, мунъакискунандаи хости тамоми мардуми Имороти Муттаҳидаи Арабӣ нест.
Сайид Абдуллоҳ Гелонӣ сухангуи гурӯҳи Таҳрики Ҳарият гуфт; ин иқдом мояи шармсории тамоми уммати ислом аст.
Вай эълом кард ин ҳадия аз сӯи подшоҳи кишвар эъто шудааст ва садои мардуми Имороти Муттаҳидаи Арабиро мунъакис намекунад.
Ин фаъоли сиёсии кашмирӣ ҳамчунин аз кишварҳое монанди Туркия ва Малайзия хостааст дар ихтилофоти Кашмир мудохила кунанд.
Дар ҳоле,ки инрӯзҳо мусалмонони минтақаи Кашмир ба шиддат аз сӯи давлати Нарнадро Мудӣ нахуствазири Ҳинд таҳти фишор қарор доранд, рӯзи гузашта Иморот олитарин нишони ғайри низомии кишварашро ба Мудӣ эҳдо кард.
Ихтилофҳои Кашмириҳо ва Мудӣ пас аз он боло гирифт,ки давлати Ҳинд дар иқдоми камсобиқа ва танишзо, банди 370 қонуни асосии ин кишварро,ки марбут ба вазъияти вижаи худмухтории Иёлоти Ҷому ва Кашмир буд, лағв кард.
Умронхон нахуствазири Покистон бо ҳушдор дар бораи тарҳи Ҳинд барои поксозии нажди мусалмонон аз минтақаи Ҷому ва Кашмир,гуфт давлати Деҳлии нав дар паи мудохилаи низомӣ дар бахши покистонии Кашмир аст.