Тазоҳуроти саро сарӣ дар Покистон дар ҳимоят аз мардуми Кашмир
(last modified Fri, 30 Aug 2019 12:56:11 GMT )
Август 30, 2019 17:56 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти саро сарӣ дар Покистон дар ҳимоят аз мардуми Кашмир

Мардуми саросари Покистон бо баргузории тазоҳурот аз мардуми Кашмир таҳти кантроли Ҳинд дар муқобили ҷиноятҳои давлати Ҳинд ҳимоят карданд.

Ба гузориши ИРНА, мардумони шаҳрҳои мухталифи Покистон аз ҷумла Исломобод ва Ровалпандӣ бо баргузории тазоҳурот ва гирдиҳамоӣ лағви маҳдудиятҳои Ҳинд зидди мардуми минтақаи Кашмир таҳти кантроли ин кишварро хостор шуданд.

Ориф Алавӣ, раиси ҷумҳурӣ ва Умронхон нахуствазири Покистон таи суханронӣ дар гирдиҳамоӣ дар ҳимоят аз Кашмир дар муқобили парлумон ва кохи нахуствазирӣ дар Исломобод таъкид карданд; Покистон аз ҳимоятҳои сиёсӣ ва дипламатӣ аз муборизоти мардуми Кашмир барои расидани озодӣ ва ҳаққӣ таъйини сарнавишт, даст барнахоҳад дошт.

Умронхон бо интиқод аз амалкарди заифи Созмони Милалл ва дигар ниҳодҳои байналмиллалӣ барои кумак ба мардуми Кашмир таҳти кантроли Ҳинд ва рафъи маҳдудиятҳои эъмол шуда дар Кашмир, ҳушдор дод, шиносоӣ барои музокира миёни Покистон ва Ҳинд нест ва хатари рӯёрӯӣ миёни тарафайн афзоиш ёфтааст.

Ориф Алавӣ раиси ҷумуҳурии Покистон низ  зимни эъломи ҳамбастагӣ бо мардуми Кашмир таҳти кантроли Ҳинд гуфт; Кашмир ва Покистон ҷузви ҷудонопазири аз якдигар ҳастанд ва ҳеҷ қудрате дар ҷаҳон наметавонад ин дуро аз ҳам ҷудо кунад.

Вай таъкид кард; танҳо роҳи ҳале барои масалаи Кашмир қобили қабул аст,ки мардуми ин сарзамин бо он мувофиқ бошанд.

Ахиран бо лағви ихтиёроти вижаи ( худмухтории )  минтақаи Кашмир таҳти кантроли Ҳинд аз сӯи парлумони ( Луксобои ) ин кишвар, шароит барои кашмириҳои таҳти кантроли Ҳинд душвортар ва замина барои муҳоҷирати ҳиндуҳо ба ин минтақа ва хариду фуруши заминҳои Кашмир аз сӯи онҳо фароҳам шудааст.

Тағийр дар таркиби ҷамъиятии минтақаи Кашмир таҳти кантроли Ҳинд ҳадафи давлати ин кишвар аз лағви худмухторӣ дар ин минтақа аст. Бахше аз Кашмир дар хоки Ҳинд ва бахше дигар дар хоки Покистон қарор дорад.