Кушта шудани 18 нафар бар асари инфиҷор дар як корхонаи маводи тарканда дар Ҳинд
Сентябр 05, 2019 12:14 Asia/Dushanbe
Бар асари инфиҷор дар як корхонаи сохти маводи тарканда дар шимоли Ҳинд, дастикам 18 нафар кушта шуданд.
Полиси Ҳинд эълом кард, дар ин инфиҷор дастикам 18 нафари дигар захмӣ шуданд.
Гузоришҳо аз эҳтимоли афзоиши куштаҳои ин ҳодиса хабар медиҳад.
Иллати вуқӯи ин инфиҷор ҳанӯз ба сурати дақиқ мушаххас нашудааст.
Чанд рӯзи пеш низ бар асари инфиҷори корхонаи тавлиди маводи кимиёӣ дар иёлати Маҳараштра, дар ғарби Ҳинд, дастикам 20 нафар кушта, 50 нафари дигар захмӣ ва ҳафтод нафар низ нопадид шуданд.