Сентябр 28, 2019 18:29 Asia/Dushanbe
  • Поёни раъйгирии интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Афғонистон

Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон аз поёни раъйгирии интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар хабар дод.

Ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон эълом кард: Раванди раъйгирӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар имрӯз соати 17 ба вақти маҳаллӣ поён ёфт ва шумориши раъйҳои интихобот дар марокиз ва шӯъбаҳои раъйгирӣ оғоз шуд.

Қарор буд раванди раъйгирӣ соати 15-и имрӯз шанбе поён ёбад, аммо Комиссияи интихоботи Афғонистон онро ду соат тамдид кард.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон имрӯз дар 4500 маркази раъйгирӣ баргузор шуд.

Ҳамзамон бо раъйгирӣ барои интихоби раисҷумҳури ояндаи Афғонистон, ҳамалоти хумпораӣ ва инфиҷории террористӣ ба марокизи раъйгирӣ дар вилоятҳои мухталифи ин кишвар се куштаву даҳҳо захмӣ бар ҷой гузоштааст.

Ҳанӯз ҳеҷ фард ё гурӯҳе масъулияти ин ҳамалотро бар ӯҳда нагирифтааст, аммо пештар гурӯҳи "Толбибон" таҳдид ба ҳамла ба марокизи раъйгирӣ карда буд.

 

Барчасп