Нуристонӣ: Орои бидуни биометрӣ дар интихоботи Афғонистон ботил аст
https://parstoday.ir/tg/news/world-i47170-Нуристонӣ_Орои_бидуни_биометрӣ_дар_интихоботи_Афғонистон_ботил_аст
Раиси Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон, орои бидуни дастгоҳи биометрӣ(biometric) дар интихоботи ин кишварро ботил эълом кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 30, 2019 17:20 Asia/Dushanbe
  • Нуристонӣ: Орои бидуни биометрӣ дар интихоботи Афғонистон ботил аст

Раиси Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон, орои бидуни дастгоҳи биометрӣ(biometric) дар интихоботи ин кишварро ботил эълом кард.

Ба гузориши ИРНА, Ҳаво Алам Нуристонӣ рӯзи душанбе эълом кард, дар интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон танҳо орое шумориш мешавад, ки дар дастгоҳи биометрӣ сабт шуда бошад.

Шӯрои раҳбарии тими интихоботи "субот ва ҳамгароӣ" ба раҳбарии Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҳам имрӯз эълом кард, ки истифода аз орои бидуни биометрӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон, ки рӯзи шанбе баргузор шуд, эътибор надорад.

Аз дастгоҳи биометрӣ ба хотири сабти ҳувияти раъйдиҳандагон барои ҷилавгирӣ аз тақаллуб истифода мешавад.