Октябр 27, 2019 20:57 Asia/Dushanbe
  • Мафқуд шудани беш аз 800 дастгоҳи биометрии интихоботи Афғонистон

Комиссияи интихоботи Афғонистон аз мафқуд шудани беш аз 800 дастгоҳи биометрии интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар хабар дод.

Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон рӯзи якшанбе эълом кард, дар рӯзи интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон аз 22 ҳазору 588 дастгоҳи биометрӣ истифода шуда буд, ки сарнавишти 837 дастгоҳ ва иттилооти он мушаххас нест.

Комиссияи интихоботи Афғонистон то кунун 3 бор замони эъломи натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар ин кишварро ба иллати бурӯзи мушкилоти фаннӣ ва таъхир дар шумориши орои интихобот тағйир додааст.

Натоиҷи аввалияи интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон, ки пештар қарор буд 19 ва сипас 20-уми октябр эълом шавад, имрӯз ба 14-уми ноябр (23 обон) ақиб андохта шуд.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон дар 28-уми сентябр баргузор шуд.

 

Барчасп