Ноябр 20, 2019 13:52 Asia/Dushanbe
  • Кашфи маҳалли сукунати нахустин инсонҳои модерн

Муҳаққиқон иддао мекунанд нахустин инсонҳои аз лиҳози анатомикии модерн ҳудуди 200 ҳазор сол пеш дар қораи Африқо сукунат дошта ва аз онҷо муҳоҷират кардаанд.

Ба нақл аз СайнсДейлӣ, муҳаққиқон аз таҳқиқоташон натиҷа гирифтанд, ки нахустин аҷдоди инсонҳои модерн дар минтақае дар ҷануби Африқо сукунат доштаанд ва тавонистаанд 70 ҳазор сол дар он ҷо зиндагӣ кунанд.

Ин минтақа дар ҷануби минтақаи ҳавзаи рудхонаи бузурги Замбезӣ қарор дошта, ки тамоми шимоли Ботсувоноро дар бар мегирифта ва аз ғарб то Намибиё ва аз шарқ то Зимбабве имтидод доштааст.

Ҳайз сарпарасти ин гуруҳи таҳқиқотӣ мегуяд, аҷдоди мо байни 110 то 130 ҳазор сол пеш аз он аз ин минтақа муҳоҷират кардаанд.

Барчасп