Беш аз 800 ҳазор кушта ва 6 триллион доллар ҳазина, дастоварди қулдуриҳои Амрико
(last modified 2019-11-26T16:00:27+00:00 )
Ноябр 26, 2019 21:00 Asia/Dushanbe
  • Беш аз 800 ҳазор кушта ва 6 триллион доллар ҳазина, дастоварди қулдуриҳои Амрико

Натоиҷи як таҳқиқи ҷадид дар Амрико нишон медиҳад, ҷангҳое, ки ин кишвар дар ду даҳаи ахир бо баҳонаи мубориза бо терроризм дар ғарби Осиё ба роҳ андохта, беш аз 800 ҳазор кушта ва 6.4 триллион доллар ҳазина бар ҷой гузоштааст.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, натоиҷи таҳқиқи ҷадид дар Амрико нишон медиҳад, ҷангҳое, ки Амрико қариб ду даҳа пеш бо баҳонаи мубориза бо терроризм оғоз карда, ҳазинаҳои молӣ ва ҷонии ҳангуфте ҳам барои Амрико ва ҳам барои кишварҳои ҳадаф ба бор овардааст. Бар асоси ин мутолиа, ки дар қолаби тарҳи пажуҳишии ҳазинаҳои ҷанг дар Донишгоҳи Браун анҷом гирифта, дар ин ҷангҳо дастикам 801 ҳазор тан ҷони худро аз даст додаанд, ки ҳудуди ниме аз онҳо ғайринизомӣ будаанд. Ин ҷангҳо ҳамчунин 6.4 триллион доллар ҳазина бар ҷой гузоштааст.

Бо ин вуҷуд муҳаққиқон ҳушдор додаанд, ки омори воқеии куштаҳо ва ҳазинаҳо эҳтимолан ба маротиб беш аз ин рақам аст, зеро дар ин мутолиа сирфан омори куштаҳое дар назар гирифта шуда, ки мустақиман дар ҳамалот ва инфиҷорҳо ҷони худро аз даст додаанд ва омори афроде, ки ба сурати ғайримустақим ба воситаи оқибатҳои ҷанг ҷон бохтаанд, дар ин мутолиа лиҳоз нашудааст.

Оморҳои ин тарҳ бар мабнои таҳқиқоти Вазорати дифои Амрико, Дафтари пажуҳишҳои Конгресс, Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои мардумниҳод ва гузоришгарони майдонӣ ба даст омадааст.

 

Барчасп