Интиқоди парлумони Афғонистон аз дидори Ашраф Ғанӣ бо Доналд Трамп
Парлумони Афғонистон бо интиқод аз дидори раиси ҷумҳури ин кишвар бо Доналд Трамп ҳамтои амрикоиаш дар пойгоҳи ҳавоии Беграм аз Ашраф Ғанӣ хост аз мардуми Афғонистон узрхоҳӣ кунад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, аъзои парлумони Афғонистон дар саҳни алании маҷлис эълом карданд дидори Ашраф Ғанӣ бо Трамп дар пойгоҳи Беграм эҳсосоти мардуми ин кишварро хадшадор кардааст.
Шуморе аз намояндагон эълом карданд ҳузури Ашраф Ғанӣ дар пойгоҳи низомии Беграм барои мулоқот бо Трамп истиқлоли Афғонистонро зери савол бурд ва тавҳин ба мардуми ин кишвар буд.
Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи панҷшанбе 28 ноябр дар сафаре аз пеш эъломнашуда вориди пойгоҳи низомиёни ин кишвар дар Беграми Афғонистон шуд ва Ашраф Ғанӣ раиси ҷумҳурӣ ва Асадуллоҳ Холид сарпарасти Вазорати дифои ин кишвар ба дидори вай рафтанд.
Ин сафари Трамп ба Афғонистон ва рафтани Ашраф Ғанӣ ба дидори вай бо интиқоди шадиди афкори умумӣ, расонаҳо ва сиёсатмадорон ва чеҳраҳои саршиноси ин кишвар ру ба ру шудааст.