Се кишвари аврупоӣ, Эронро таҳдид карданд
(last modified Sun, 01 Dec 2019 10:51:48 GMT )
Декабр 01, 2019 15:51 Asia/Dushanbe
  • Се кишвари аврупоӣ, Эронро таҳдид карданд

Фаронса, Олмон ва Британия шанбешаб дар баёнияи густохонае, Ҷумҳурии исломии Эронро ба истифода аз механизми моша таҳдид карданд.

Ба нақл аз ИРНО, механизми моша банде аз БАРҶОМ аст, ки метавонад ба эъмоли дубораи таҳримҳои Созмони Миллали Муттаҳид алайҳи Эрон мунҷар шавад.

Се кишвари аврупоӣ дар ин баёния бо истиқбол аз пайвастани Белгия, Денмарк,Шветсия, Финляндия, Норвегия ва Нидерландия ба канали амалиётинашудаи тиҷорати Аврупо бо Эрон мавсум ба  ИНСЕТКС эълом карданд, ки омодаи истифода аз механизми моша барои ҳалли ихтилофот ҳастанд.

Фаронса, Олмон ва Британия дар ҳоле Эронро ба истифода аз механизми моша ва бозгашти таҳримҳои ҳастаӣ таҳдид кард, ки то кунун ба ҳеҷ як аз тааҳудоти худ дар баробари БАРҶОМ амал накардааст.

Фаронса, Олмон ва Британия  баъд аз хуруҷи ғайри қонунии Амрико аз БАРҶОМ (8 майи 2018) ваъда доданд бо тазмини манофеи иқтисодии Эрон ин тавофуқро ҳифз кунанд.

Ин кишварҳо ба рағми истодагиҳои лафзӣ ва сиёсӣ дар баробари иқдоми Амрико то кунун муваффақияте дар иқдомоти амалии ваъда додашуда барои ҳифзи ин тавофуқ касб накардаанд.

Ҷумҳурии исломии Эрон 8 майи 2019 дар солгарди хуруҷи якҷонибаи Амрико аз БАРҶОМ ва пас аз исботи беамалии аврупоиҳо дар иҷрои тааҳудоти худ барои ҷуброни табаоти иқтисодии хуруҷи Амрико аз он, бахше аз тааҳудоти худ зайли БАРҶОМ-ро ба ҳолати таълиқ даровард.

Эрон бо таъккид бар идомаи коҳиши тааҳудоти барҷомии худ тасреҳ кардааст ин иқдомот дар сурате, ки шарикони БАРҶОМ гомҳои лозимро барои иҷрои тааҳудоти худ бардоранд ба суръат қобили бозгашт ҳастанд.

Бар асоси бандҳои 26 ва 36 БАРҶОМ дар сурати пойбанд набудани тарафи муқобил ба тааҳудоташ Эрон ҳақ дорад иҷрои тааҳудоти худро ба шакли куллӣ ё ҷузъӣ мутаваққиф кунад.