Декабр 09, 2019 20:19 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори гурӯҳи Абдуллоҳ дар мавриди орои тақаллубии интихоботи Афғонистон

Гурӯҳи субот ва ҳамгароии Афғонистон ба раҳбарии Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба Комиссияи интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар ҳушудор доданд.

Гурӯҳи субот ва ҳамгароии Афғонистон ба раҳбарии Абдуллоҳ Абдуллоҳ зимни ҳушдор ба Комиссияи интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар мабни бар инки ҳатто як раъйи тақаллубиро ҳам нахоҳанд пазируфт ва набояд онҳо дар шароите қарор гиранд, ки дигар роҳи бозгаште вуҷуд надошта бошад, аз ин ниҳод хост то дар эъломи натоиҷ истиқлол дошта бошад.

Ба гузориши ИРНА, Фазлаҳмад Маънавӣ аз аъзои раҳбарии Гурӯҳи субот ва ҳамгароӣ дар нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, агар комиссия бар асоси қонуни интихобот амал накунад, вазъиятро печида сохта ва моро дар шароите қарор хоҳад дод, ки дигар барои бурунрафт роҳи ҳалле вуҷуд нахоҳад дошт.

Маънавӣ Комиссияи интихоботро муттаҳам кард, ки омидона нишасти рӯзи гузаштаро, ки бо ҳамкории ҷомеаи ҷаҳонӣ барои хурӯҷ аз буҳрони кунунӣ ташкил шуда буд, бенатиҷа сохт.

Вай афзуд, комиссия ин фурсатро бо гузоришҳои ғайри зарурӣ ва ҳошияии худ, зойеъ кард ва ба Тими субот ва ҳамгароӣ, ки муддаии аслӣ дар ин нишаст буд, вақти кофӣ барои тарҳи саволот надод.

Узви Гурӯҳи субот ва ҳамгароӣ хитоб ба Комиссияи интихоботи Афғонистон гуфт, ки мардуми иҷоза намедиҳанд, тақаллуб бар сарнавишти онҳо ҳоким шавад ва тазоҳурот дар ҳудуди 14 устони ин кишвар нишон медиҳад, ки онҳо аз орои худ ҳифозат мекунанд.

Гурӯҳи субот ва ҳамгароӣ ба раҳбарии Абдуллоҳ муддаӣ аст, ки 300 ҳазор раъй, ки сабти биометрӣ надорад ва хориҷ аз замони раъйгирӣ ахз шуда, бояд ботил эълом шавад, аммо комиссия истидлол мекунад, ки наметавонад ороро бидуни баррасӣ ботил эълом кунад.

 

 

Барчасп