Декабр 21, 2019 13:35 Asia/Dushanbe
  • Иддаои тақалуб дар бозшумории орои 27 вилояти Афғонистон

Дар ҳоле,ки қарор аст натиҷаҳои интихоботи Афғонистон ба зуди эълом шавад, ситоди интихоботии Субот ва ҳамгароӣ муддаӣ шуд дар бозшумории орои 27 вилоят тақалуб шудааст.

Фазл Аҳмад Маънавӣ, узви ситоди интихоботии Субот ва ҳамгароӣ бар раёсати Абдуллоҳ Абдуллоҳ рӯзи шанбе муддаъӣ шуд санадҳое вуҷуд дорад,ки дар раванди бозшумории оро дар 27 вилояти Афғонистон тақалуб анҷом гирифта ва аз ин рӯ бозшумории дубораи оро дар ҳузури нозирони ин ситодро хостор шуд.

Ин узви ситоди интихоботии Субот ва ҳамгароӣ афзуд, камисиюни интихоботи Афғонистон,300 ҳазор раъйро ба таври ғайриқонунӣ вориди система кардааст.

Исматуллоҳ Мал, муовини камисиюни интихоботи Афғонистон низ дар вокуниш ба ин мавзуъ гуфт ; раванди бозшумории оро дар ҳузури нозирони кишварӣ ва байналмиллалӣ анҷом гирифта ва тасмиме барои бозшумории дубора вуҷуд надорад.

Аз суи дигар, Муҳаммад Сарвар Дониш, муовини дуввуми раёсати ҷумҳурии Афғонистон дирӯз ҷумъа дар нишасте аз камисиюни интихобот хост ҳарчи зудтар натиҷаҳои интихоботро эълом кунад ва тарафҳои зинафъро ба қабули натиҷаи он даъват кард.

Ин дар ҳолест,ки камисиюни мустақили интихоботи Афғонистон эълом карда,ки имрӯз шанбе ва ё фардо якшанбе натиҷаҳои интихобот эълом мешавад.

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон 28 сентиябр баргузор шуд ва эъломи натиҷаҳои он то кунун се бор ба иллатҳои мухталиф ба таъвиқ афтодааст.

Барчасп