Вируси Корона Девори бузурги Чинро ҳам маҳкам кардааст
Мақомоти Чин барои назорати вируси нави марговар, ки ҷони садҳо нафар дар саросари ин кишвар таҳдид мекунад, қисмҳое аз Девори бузурги Чин ва дигар минтақаҳои дидании машҳури ин кишварро , бастаанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник , ин дар ҳолест, ки ҳарсола ҳудуди 10 миллион гардишгар аз Девори бузурги Чин, ки яке аз маҳбубтарин минтақаҳои диданӣ дар таътилоти Соли нав ба ҳисоб меояд боздид мекунанд.
Теъдоде аз ойинҳои мухталифи ҷашни Соли нави чинӣ ҳам бо ҳадафи иқдомоти пешгирона барои контроли вирус бекор шудааст ва Шаҳри мамнуаи Пекин ва Диснейланди Шанхай низ ба таври муваққат (кутоҳ) баста шудаанд.
Шаҳри мамнуаи Пекин соли гузашта мизбони 19 миллион боздидкунанда буд ва ҳамвора ба унвони яке аз маҳбубтарин маконҳои диданӣ дар таътиоти Соли нави чиниҳо ба ҳисоб меояд.
Мақомоти Чин бо ишора ба ин ки стадиони маҳалли баргузории бозиҳои Олимпиадаи соли 2008 аз рӯзи ҷумъа то сиюми январ таътил шудааст эълом карданд Мақбараҳои Минг низ аз рӯзи шанбе таътил хоҳанд буд.